Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЛӮҲРОСП

ЛӮҲРОСП

luhrospЛӮҲРОСП яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, подшоҳ аз силсилаи Каёниён. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ Лӯҳросп. Пас аз Кайхусрав ба тахт нишаста, 210 сол ҳукмронӣ кардааст. Подшоҳи одил ва халқпарвар буда, вазъи мамлакатро орому мӯътадил нигоҳ доштааст. Оташкадае бо номи Барзия бино кардааст. Ду писар дошт: Гуштосп ва Зарир. Пас аз супурдани тахти шоҳӣ ба Гуштосп дар яке аз оташкадаҳои Балх гӯшанишинӣ ихтиёр кард.

Ад.: Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. ҷилдҳои 5—G, Д., 19(15.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …