Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЛУБИЁИ ЧИНӢ

ЛУБИЁИ ЧИНӢ

lubioi-chiniЛУБИЁИ ЧИНӢ (Vigna uncuicula-ta), гиёҳи яксолаест мансуби Лубиёиҳо. Баландиаш аз 20 см то 2 м. Баргаш дароздумчаи сербаргча (дарозиаш 14—32 см), гулаш калони арғувонӣ, ғилофакмевааш якпаллаи сердон (дарозиаш 8—20 см), донаш дорчинии холдор. Июнь — сентябр гулу мева мекунад.

Лубиё чинии худрӯй маълум нест. Онро барои донаш ва ҳамчун зироати хӯроки чорво дар кишварҳои баҳри Миёназамин, Африка, Америкаи Ҷанубӣ ва Шимолӣ кишт мекунанд. Лубиё чиниро дар Тоҷикистон низ мекоранд. Дар шароити республикаи мо зироати обталаб аст. Аз дони навъҳои сафеди он таомҳои гуногун тайёр мекунанд. Дони Лубиё чинӣ серғизо буда, 24— 28% сафеда, 1—2% равған дорад. Алафи он барои чорво хӯроки хуб аст. Аз ҳар гаи лубиёзор 120—300 ц алаф, 45—60 ц хошок ва 3—14 ц дон мегиранд.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 5, Д., 1078.

М. Расулова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …