Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Лотарингия

Лотарингия

ЛОТАРИНГИЯ (Lorraine), вилояти таърихӣ дар шимоли шарқи Фаронса. Масоҳати ҳозираи Лотарингия департаментҳои Мозел, Мёрт ва Мозел, Мёз ва Вогезро дарбар мегирад. Масоҳаташ 23,5 ҳазор километр Аҳолиаш 2,3 млн. нафар (2017с) буда тули 40 соли охир қариб бе тағйир мондааст.

РАСМИ ЛОТАРИНГИЯ

Лотарингия— базаи асосии маъдани охан ва саноати металлургии Фаронса мебошад. Дар Лотарингия маъдани оҳан (ҳар сол 50—55 млн. тонн), ангиштсанг ва намаксанг истеҳсол карда мешавад. Шаҳрҳои калонтаринаш: Нанси ва Мец (Пойтахташ).

Лотарингия дар асрҳои миёна боиси талоши байни Фран­сия ва Германия гардид. Тамоми масоҳати Лотарингия аз соли 1766 дар ихтиёри Фран­сия буд, соли 1871 мувофиқи шартномаи сулҳи Франкфурт Лотарингия бо якҷоягии Элзас ба Германия гузашт. Соли 1919 мувофиқи шартномаи сулҳи Версал ба Франция баргашт. Солҳои 1940—44 тобеи Германия буд. Аз соли 1958 инҷониб дар ихтиёри Фаронса.

ЛОТАРИНГИЯ ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …