Лот

ЛОТ (аз голл. lood), асбоб барои аз болои киштӣ чен кардани умқи об. Локҳои дастӣ, механикӣ ва гидроакустикӣ мавҷуданд. Локи дастӣ порсанги сурбӣ ё чуянии (массааш 3,5—5 кг) конус (пирамида)-шаклест, ки ба нӯгаш симтаноб (лот­линь) баста шудааст (симтанобро ба метрҳо тақсим мекунанд). Бо ёрии он умқи баҳрро то 50 м чен кардан мумкин аст (ҳангоми аз 5— 9 км/с беш набудани суръати киш­тӣ).

лот

Кори Локи механикӣ ба чен кардани фишори гидростатикӣ дар найчае, ки як нӯгаш маҳкаму нӯги кушодаш ба об ғӯтонида шудааст, асос мекунад. Бо ёрии он умқи баҳр­ро аз 10 то 200 м (аз болои киштие, ки суръаташ аз 28 км/с беш нест) чен кардан мумкин аст. Умқҳон аз ин зиёдаро бо ёрии Локи гидроакустикӣ чен мекунанд. Ниг. Эхо­лот.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

pasterizatsiya

Пастеризатсия

Пастеризатсия (аз номи олими франсавӣ Л. Пастер), консервонии маҳсулоти хурданӣ дар пастеризаторҳо бо роҳи тафсонидан …