Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЛОПАТИН Герман Александрович

ЛОПАТИН Герман Александрович

german_lopatin-aЛОПАТИН Герман Александрович (25. 1. 1845, Нижний Новгород, ҳоло Горький — 20. 12. 1918, Петроград), революционери рус, аъзои Совети генералии Интернационалии I, авва­лин тарҷумони «Капитал»- К. Маркс дар Россия. Аз оилаи ашрофзода Университети Петербургро хатм кард (1866). Лопатин дар диссертацияаш «Дар бораи худ аз худ пайдошавӣ» (1867) нуқтаи назари материалистиро ҳимоя на­муд. Аз солҳои 70-ум дар хориҷа зиндагӣ кард.

Бо К. Маркс ва Ф. Эн­гельс муносибати дӯстона дошт. Соли 1884 кӯшиш намуд, ки «Народная воля»-ро аз нав барқарор карда, ба ташкилоти оммавӣ табдил диҳад. Барои фаъолияти революциониаш борҳо ҳабс шудааст. Карл Маркс ба Лопатин чунин баҳо дода буд: «Хеле хирадманду нуктасанҷ, хуштабъ, пурсабру пуртоқат» (Маркс К., Эвгельс Ф., Соч., т. 32, с. 430). «Лопатини ҷасур, бениҳоят ҷасури мо»— навишта буд дар бораи ӯ Ф. Энгельс (Маркс К., Энгельс Ф., Соч., т. 36, соли 1938. Лопатин муаллифи якчанд очерку памф­летҳои зидди ҳукумати подшоҳист.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …