Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Ломоносов Михаил Василевич

Ломоносов Михаил Василевич

ЛОМОНОСОВ Михаил Васильевич ЛОМОНОСОВ Михаил Василевич (19. 11. 1711, деҳаи Денисовка. ҳо­ло Ломоносово, губ. Архангельск — 15. 4. 1765, Петер­бург), аввалин олими табиатшиноси рус, энцикло­педист, яке аз асосгузорони химияи физикавӣ, шоир, рассом, муаррих, асосгузори забони адабии ҳозираи рус, тарафдори равнақи илму маорифи ватании рус. Солҳои 1731—35 дар Академияи славянии) юнонию лотинии Москва ва Университети назди АФ Петер­бург, 1736—41 дар Германия дар университетҳои Марбург ва Фрейберг таҳсил намудааст. Аз январи 1742 адьюнкти соҳаи физикаи АФ ва аз соли 1745 якумин профессор (академик) соҳаи хи­мия. Соли 1748 бо ташаббуси Ломоносов аввалин лабораторияи тадқиқоти илмии хи­мия ташкил карда шуд. Ломоносов фарқияти мафҳумҳои «корпускула» (моле­кула ) ва «элемент» (атом J-po нишон дод. Ломоносов дар асари худ Мулоҳизаҳо дар бораи сабаби гармӣ ва хунукӣ» (1744) дар натиҷаи ҳаракати механикии зарраҳои модда ба вуҷуд омадани гармиро асоснок кард, ки дар кӯшкиҳои аввалини тартиб додани назарияи кинетикии газҳо асри 19 истифода шудааст. Ӯ дар асари «Таҷрибаи назарияи эластикии ҳаво» (1748) ба ҳаракати зарраҳои газҳо вобаста будани хусусияти эластикии онҳоро шарҳ дод. С.оли 1748 қонуни  бақои массаро кашф кард. Соли 1756 оид ба сӯзиши металл дар зарфи сарбаста тадқиқот гузаронида роли оксигенро дар процесси сӯзиш исбот кард. Ломоносов як қатор асбобҳои барои тадқиқи соҳаи химияи физикави истифодашаванда (вискозиметр, рефрактометр)-ро ихтироъ кард.

Ломоносов дар факултаи Усть-Рудицы (наздикии Петербург), ки бо ташаббуси ӯ сохта шуда буд, технологиии истеҳсоли шишаи рангаро кор карда баромад. Доир ба электр дар атмос­фера бо ҳамкории Г. В. Рихман тадқиқот гузаронида, ходисаҳои барқ ва фаҷри шимолиро шарҳ дод.

Саҳми арзандаи Ломоносов дар соҳаи оптика, илмҳои астрономия, геофизика ва география низ кам нестанд. Ломоносов «гулбаи биниши шабона»-ро (1756— 58) ихтироъ кард ва чанде пеш аз В. Гершель телескопи инъикоскунандаи оинавиро (бе оинаи иловагии ҳамвор) сохт. Вай 26 май 1761 дар Венера мавҷуд будани атмосфераро ҳангоми аз курси Офтоб гузаштани он муайян кард.

Ломоносов ба равнақи геология ва минера­логия, инкишофи саноати металлургия дар Россия диққати ҷиддӣ дода, бисьёр ҷинсҳои кӯҳиро тадқиқ, кардааст. Пайдоиши органикии хок, ангиштсанг, торф, варақсанги сӯзанда ва нефтьро шарҳ додааст. Дар асарҳои «Оид ба қабатҳои замин» ва «Асосҳои якумини металлургияи маъданкоркунӣ» (1763) қонуниятнокии эволюцияи табиат, хосиятхои металлҳои гуногун ва роҳҳои коркарди онҳоро нишон додааст. Ломоносов дар омӯхтани таърихи тараққиёти Рос­сия ва халқи он саҳми арзандае гузоштааст. Дар ин бора асарҳои ӯ «Таърихи Россияи Қадима аз ибтидои халқи рус то вафоти князи бузург Ярослави якум ё худ то соли 1054» (қисмҳои 1—2, 1766) ва «Солномаи мухтасари авлодҳои Россия» (1760) шаҳодат медиҳанд.

Хизмати Ломоносов дар соҳаи адабиёт ва забони русӣ низ бузург аст. Вай ҳам бо осори илмии назарӣ ва ҳам бо асарҳои бадеиаш дар такмил ва инкишофи шеъри рус ҳиссса гузоштааст. «Мактуб дар бораи қоидаҳои шеърнависии русӣ» (1739), қасидан «Анқар гирифтани Хотин» (1739), достони эпикии нотамоми «Пётри Кабир» (1760), фоҷиаҳои «Темур ва Селим» (1750), «Демофонт» (1752) ва «Грамматикаи Руссия» (1755) ба қалами Ломоносов тааллуқ доранд. В. Г. Белинский ба эҷодйёти адабию бадеии Ломоносов баҳои баланд дода, ӯро «Пётри Кабири адабиёти рус» номида буд.

Ломоносов ба ҳодисаҳои табиат материалистона баҳо дода, ҳамагуна ақидаҳои ғайриилмӣ ва фаҳмиши динии ҳодисаҳои табиатро инкор кардааст. Бо ташаббуси ӯ соли 1755 Университети Моск­ва ташкил шуд, ки дар он на танҳо дворянҳо, балки разночинҳо низ ҳуқуқи донишомӯзӣ доштанд. Ломоносов аъзои фахрии АФ Швеция (1760) ва АФ Болонки (1764) интихоб шудааст. Соли 1965 АФ СССР ба беҳтарин корҳои илмии илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятӣ ду медали тиллои ломоносови таъсис намуд. Шаҳр дар вилояти Ленинград, ҷараёне дар уқёнуси Атлан­тика, қаторакӯҳҳои зериобӣ дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ номи Ломоносовро доранд.

Ас.: Поли. собр. соч., т. 1—10, М.— J1., 1950—59; Изб. труды по химии и физи­ки, М., 1961.

Ад.: 3ападов А. В., Отец русской поэзии. О творчестве Ломоносова. М., 1961; О с ими М., Дорулфунуни нахус- тини мо, Д., 1061. Р а с к и и, Н. М., Хи­мическая лаборатория М. В. Ломоносо­ва, М.— Л., 1962; Морозов А. А., .Ло­моносов (5 иэд), М., 1965.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …