Маълумоти охирин

Ломиса

ЛОМИСА – ин як намуди қобилияти ҳискунии инсон ва ё ҷонварон мебошад. Яъне панҷ намуди ҳискунӣ ҳаст ва яке аз онҳо «Ломиса» мебошад. Ломиса таъсири муҳити беруниро бо ёрии аъзои ломиса (ретсепторҳои пӯст, мушак, банд, луобпардаҳои забону лаб ва ғайра) дарк кардан мебошад. Ба забони руссӣ Ломисаро «Осязание» ва ба англисӣ «Touch» мегӯянд. Ломиса асосан барои ҳис намудани гармӣ-хунукӣ, дард, вазн, часпидан ва ҷунбиш ёрӣ медиҳад.

Ломиса

Дар асоси протсесси Ломиса мутаассиршавии намудҳои гуногуни ретсепторҳо (механортсенторҳо, ки расиш, фишор ва кашишро дарк мекунанд; ретсепторҳои дард ва ҳарорат) ва табдилёбии онҳо дар системаи асаби марказӣ гузошта шудааст. Дарккунии предметҳои муҳити берунӣ бо ёрии Ломиса гуногун буда, барои баҳо додан ба шакл, андоза, сохт, консистентии, ҳолати онҳо имконият медиҳад ва фаҳмиши организмро дар бораи дунёи зоҳирӣ васеъ мекунад.

Ломиса бо қадри имкон аъзои ҳиссиёти дигар (босира, сомеа) – ро ҳангоми иллатнокии онҳо иваз мекунад. Васеъ шудани алоқаи дониш оид ба механизмҳои ҳуҷайравии протсессҳои ретсепторӣ истифо­даи истилоҳи «Ломиса»-ро маҳдуд кард. Механизми ретсепторҳои механикӣ, ҳароратӣ ва дард бошад, ҳоло бево­сита омӯхта мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …