Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Ломбросо Сезаре

Ломбросо Сезаре

ЛОМБРОЗО СЕЗАРЕЛОМБРОЗО (Lombroso) Чезаре (11. 1835, Верона —9. 10. 1909, Ту­рин, Италия), психиатори суӣи ва антропологи италиявӣ, асосгузори ҷараёни антропологӣ дар кримино­логия ва ҳуқуқи ҷиноятии буржуазӣ. Соли 1858 Университети Павияро хатм кард, аз соли 1862 профессори ҳамин университет, аз соли 1896 профессори Университети Турин.

Ломборзо ҷиноятро мисли таваллуд ва вафот ҳодисаи табиӣ мешуморад. Назарияи «ҷинояткори модарзод» ба Ломборзо мансуб аст. Мувофиқи таълимоти ӯ шахс дар рафти ҳаёт ҷинояткор намешавад, балки ҷинояткор таваллуд меёбад. Дар тадқиқотҳояш роли муҳим бозидани сабабҳои иҷтимоии рӯй додани ҷинояткориро эътироф меку­над. Дар ин асос таълимоти Ломборзоро биосоциологӣ меноманд, ки 1.муддати зиёде дар криминологияи буржуазӣ ҷои намоёнро ишғол кард.

Ас.: Новейшие успехи науки о престу­пнике, СПБ. 1892.

Ад.: Решетников Ф. Ф„ Уголов­ное право буржуазных стран, М., 1966.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …