Главная / Без рубрики / ЛОЛАИ МАҲМЁЗ

ЛОЛАИ МАҲМЁЗ

ЛОЛАИ МАҲМЁЗ (Corydalis), ҷинси растанӣ аз оилаи шохтаранҳо. Алафи бисьёрсола, баъзан ду ё яксо­ла. Барги бонавбати ду-се карат се парра, гули зигоморфии сафед, зард, бунафш ё қирмизӣ ва ғӯзамеваи дарозрӯяи дуқабата дорад. Қариб 280 намуди Лола м. дар қисмҳои муътадили Евросиё ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Дар СССР қариб 70 намудаш, асосан дар Сибирь ва қаторакӯҳои Осиёи Миёна вомехӯрад.

ЛОЛАИ МАҲМЁЗ

Дар Тоҷикистон 14 намуди Лолаи маҳмёз м. мавҷуд буда, дар байни онҳо С. Le- debouriana (дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва баландкӯхии ҳамаи райони республика ғайр аз Помири Ғapбӣ) ва С. aevertzovii (дар Тоҷикистони Шимолӣ) бештар паҳн шудаанд.

Пиёзаки намудҳои мазкур алкалоидҳои протопин, санг­винарии ва аллокриптолпин дорад. Ҷӯшоби барги С. severtzovii дар тибби халқӣ барои муолиҷаи латма ва шикасти устухон истифода мешавад.

Ад.: Флора Таджик­ской ССР, т. 4, Д., 1975. Т. Ф. Кочкарёва.

ЛОМ ( J), НОМИ ҳарфи бисту сеюми алифбои арабӣ ва аз  С «ламед»-и алифбои финиқӣ пайдо шу­дааст. Қимати ададии он дар ҳисоби абҷад ба 30 баробар аст. В. Капранов.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

plank-maks-karl-ernst-ludvig

Планк Макс Карл Эрнст Людвиг

Планк Макс Карл Эрнст Людвиг (23. 4. 1858, Киль —4. 10.1947, Гёттин­ген), физики назариётчии немис, …