Маълумоти охирин
Главная / Биология / Лоладарахт

Лоладарахт

ЛОЛАДАРАХТ (Liriodendron tuli- pifera), дарахтест аз оилаи Magnoliaceae. Баландиаш 30—60 м. Барги лирашакли 4 — 6-парра, гули калони зарди ё сурхи сабзтоб (кутраш то 6 см), меваи ҷалғузашакл, тухми «қанотакдор» (вазни 1000 тоаш 60—63 г) дорад. Дар шахроити республика моҳи май гул карда, тухмаш октябр мепазад. Лоладарахт аз набототи қисми шарқии Шимолӣ аст. Дарахти тезсабз, рушноӣ ва намидӯст, ба —25—30° С хунукӣ тоб меорад, то 200 сол умр мебинад.

Лоладарахт

Дар боғи набототи Институти ботаникаи  Тоҷикистон аз соли 1933 парвариш мекунанд. Ҳоло дар сабзкории деҳу шаҳрҳои республика низ истифода мешавад. Лоладарахтро бо тухм зиёд мекунанд. Чӯби Лоладарахт зардтоби ашхаб, сабук, хушбӯй ва дар мебелу киштисозӣ, саноати гӯгирд, сохтани асбобҳои мусиқӣ ва ғ. истифода мешавад.

guli-loladaraxti-zard

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …