Маълумоти охирин
Главная / Биология / Лолаарӯсак

Лолаарӯсак

ЛОЛААРӮСАК (Раpaver rhoeas), як навъ гиёҳи яксола. Пояаш (дарозиаш 5—40 см) ҳамида ва мӯякҳои дурушт дорад. Баргҳояш каммӯяк, баъзан тамомаи лучи паршаклу паррадор. Дарозии онҳо 10— 12 мм, гулбарг 4—18 мм буда, бо осони ва барвақт мерезанд; ранги онҳо сурхтоб, доғи сиёҳ доранд ё бедоғанд; ғӯзамевааш луч ва дарозиаш 15— 20 мм.

Лолаарусак

Тобистон гул мекунад. Дар Чануби Украина (аз ҷумла Крим) ва Кавказ дар нишебиҳои санглох, саҳроҳо ва қад-қади роҳҳо чун алафи бегона месабзад, Дар Тоҷи­кистон дар ҳамаи вохаҳо ва назди кӯҳсор васеъ паҳн шудааст. Лолаарӯсак гиёҳи заҳрнок аст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …