Главная / Техника / ЛОКОМОТИВ

ЛОКОМОТИВ

ЛОКОМОТИВ (франс. locomotive, аэ лот. loco movlo — аз ҷой ҳаракат мекунонам), воситаи нақлиёт, ки барои рӯ-рӯи рельс ҳаракат кунондани поезд ё вагонҳои ҷудогона пешбинӣ шудааст. Дар аввал фақат паровозро Локк меномиданд. Баъдтар ҳамаи намудҳои воситаҳои кашандаи роҳи оҳанро чунин меномидагӣ шуданд.

Локоматив

Локомотивҳои ҳозира ба 2 гурӯҳ: ҳароратӣ ва электрикӣ ҷудо мешаванд. Локомотивҳои ҳароратӣ — паровоз, тепловоз, мотовоз, газотурбовоз ва ғ. манбаи хусусии энергия (дар паровоз — jmo-uiuhu буғӣ, дар тепловозу мотовоз— муҳаррики дарунсӯз, дар газотурбовоз — турбинаи газӣ ва ғ.) доранд. Локомативҳои электрикӣ злектровоз, электропоезд ва ғ. бо қувваи муҳаррики электрикӣ ҳаракат мекунанд.

Мувофиқи таъинот Локомотивҳоро ба магнитралӣ ва саноатӣ ҷудо мекунанд. Локомотивҳои магистралӣ боркаш, пассажирӣ (барои кашидани поездҳо) ва манёврӣ (барои кор дар стансиҳяхои роҳи оҳан) мешаванд. Локомотивҳои саноатиро барои кашондани борҳои гуногун дар дохили корхонаҳо, кону шахтаҳо ва ғ. истифода мебаранд. Ҳамаи намудҳои Локомативҳо бо иқтидори номиналӣ, қувваи кашиш, суръат ва к. а. м. тавсиф карда мешаванд. Дар замони ҳозира асосан тепловоз ва электровозҳо истеҳсол карда мешаванд.

«ЛОКОМОТИВ», ҷамъиятии умумииттифоқии ихтиёрии спортии иттифоқии  касабаи коркунони нақлиёти роҳи оҳан, яке ва аввалин ҷамъиятҳои коргарии спортӣ дар СССР. Соли 1930 таъсис ёфтааст. Коргарону хизматчиёни нақлиёти роҳи оҳан, сохтмони нақлиёт ва мотрополитенро муттаҳид мекунад. Аа соли 1957 аъзои иттифоқи байналхалқии спортии рохиоҳанчиён. Варзишгарони «Локомотив» дар барқарор ва инкишофи спорти советӣ саҳми калоне гузоштаанд. И. Б. Механик (варзиши вазнин), А. К. Капчинский (конькитозӣ), Н. Н. Марков, А. В. Рудаков (лижаронӣ), Н. С. Ра­зумовский (футбол), А. В. Казанс­кий (гӯштин), С. А. Емельянов (бокс), П. И. Денисенко (варзиши сабук), К. Травин (баскетбол) ва Ф. И. Дуз-Хотимирский (шоҳмот) барин аъзоёни ҷамъият аз ҷумлаи спортсменҳои машҳури солҳои 30—40- ум мебошанд. Ҷамъият дорои бештар аз 7 ҳазор коллективии физкультурӣ буда, онҳо зиёда аз 1,3 млн нафар варзишгаронро дарбар мегиранд. Дар «Локомотив» зиёда аз 40 намуди спорт вуҷуд дорад.

Ба бозиҳои спортӣ қариб 300 ҳазор нафар, туризм 140 ҳазор варзиши сабук 90 ҳазор, лижатозӣ 116 ҳазор, шоҳмот 100 ҳазор, тирандозӣ 80 ҳазор нафар шавқмандон шуғл доранд. Дар «Локомотив» бештар аз 220 ҳазор инструкторони ҷамъиятӣ, тренерон ва доварон кор мебаранд. Ҷамъияти «Локомотив» бисьёр Устодони спорти СССР, Устодони Хизматнишондодаи спорт, Устодони класси байналхалкӣ -дошта, зиёда аз 360 ҳазор варзишгарон разряд доранд. Спортсменҳои «Локомотив» дар вохӯриҳои сершумори умумииттифоқию ҷаҳонӣ баромад карда, унвони чемпиониро ба даст меоранд. Онҳо инчунин чемпионҳои чандинкаратаи Бозиҳои олимпианд. Беш­тар аз 250 стадион, 500 зали спортӣ, 390 иншоотҳои тирандозию лижатозӣ, 36 ҳавзи шиноварӣ, 600 лагери спортӣ-тандурустӣ, базаҳои туристӣ ва ғ, инчунин 8000 майдонҳои спортӣ дар ихтиёри варзишгарони «Локомотив» мебошанд. Барои комьёбиҳои спортӣ зиёда аз 100 нафар варзишгарони «Локомотив» бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардидаанд.

Соли 1955 дар Душанбе Совети районни ҷамъияти ихтиёрии спортии роҳиоҳанчиён «Локомотив» ташкил карда шуд. Ҷамъияти «Локомотив»-и пойтахти республика 30 коллективи физкультурӣ дорад, ки он 3850 нафар (1980) физкультурачиён-коргарону хизматчиёни роҳи оҳанро муттаҳид месозад. Варзишгарони «Локомотив» иштирокчиёни қувваозмоиҳои зиёди республикавию умумииттифоқианд. Ҷамъият солҳои 1977—80 19 нафар Устоди спорти СССР, 38 нафар номзад ба устодии спорт ва 2495 нафар разряддорон тайёр кардааст. Соли 1980 941 нафар нишони сарисинагии ГТО гирифтанд. Аъзоёни «Локомотив» аз стадион, зали спортӣ, лагери

спортӣ-тандурустӣ ва дигар иншоотҳо самаранок истифода бурда, маҳорати спортиашонро баланд мекунанд. Бештар аз 2911 нафар аъзоёни ҷамъият ба гимнастикаи истеҳсолӣ машғуланд (1980). С. Аббуллоев.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

pasterizatsiya

Пастеризатсия

Пастеризатсия (аз номи олими франсавӣ Л. Пастер), консервонии маҳсулоти хурданӣ дар пастеризаторҳо бо роҳи тафсонидан …