Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Лоҷварддара

Лоҷварддара

ЛОҶВАРДДАРА – кони лоҷвард дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, ки дар нишебии шарқии қаторакӯҳи Ишкошим, дар саргаҳи ҳавз қарор доранд. Бодомдара— шохоби чапи Шохдара воқеъ аст.

lojvard_dara_kon

Майдони кон дар баландии 4570—4700 метр ҷойгир буда, асосан аз мармарҳои доломитдори синнашон токембриӣ таркиб ёфтааст. Лоҷварддара, ки бо роҳи метасоматоз ҳосил шудааст, дар до­хили мармарҳои доломитдор, ковокиҳои найча ва линзамонандро пур мекунад. Он дар ҳар ҷо ҳарҷои девораи рости мармар, ки то 100 м ба­ланди дорад, мавҷуд аст. Дар поёни ин девора пораҳои санги лоҷвард вомехӯранд. Лоҷварддараи Лоҳутӣ нилгун, ки буд ва сабзтоб буда, бинобар ран­ги баланд доштанаш дар Тоҷикистон мутлақо ва дар Осиё аз ҳама беҳтарин ба шумор меравад.

Кони Лоҷварддара аз қадимулайём маълум аст. Аз сабаби дастнорас будани лоҷварди танаи девори пораҳои онро аз домани кӯҳ ҷамъ карда мегирифтаанл. Лоҷварддара то солҳои 1970 номуттасил истифода мешуд. Ҳоло экспедисияи «Памиркварссамоцветы» (Душанбе) аз кони Лоҷварддара ба воситаи нақби зеризаминӣ ба гирифтани лоҷвард машғул аст. Лосҷвардро корхонаҳо армуғони кишвар барои тайёр кардани ҳар гуна маснуоти ороишӣ кор мефармоянд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …