Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Лоҷвард

Лоҷвард

ЛОҶВАРД – Ложвард (ба забони руссӣ – лазурит), минерал, таркиби химиявиаш (Na, Ca)e [А1 Si04fe (S04, Cl, Sh. Дар сис­темаи куби кристал мебандад. Одатан дар шакли массаҳои яклухти донадори шингун, кабуд, бунафш, кабуди сабзранг ва баъзан дар шак­ли кристалл дучор мешавад. Сахтиаш 5,5—6,0; зичиаш 2380—2420 кг/м3.

Лоҷвард

Лоҷвард дар контакти ҷинсҳои фишондаи ишқорӣ ва турш (сиенитҳо, гранитҳо, пегматитҳо) бо ҷинсҳои карбонати (мармар, мармарҳои доломитдор) бо роҳи мотасоматоз ҳосил ме­шанад. Лоҷвард, баъзан дар лаваҳои ишқорӣ (вулқони Везувий) низ ёфт мешавад. Конҳои калонтарини Лоҷвард дар Бадахшони Афғонистон, дар Тоҷикистон (кони Лоҷварддара дар Помир), Прибалкалияи Ҷанубӣ воқеанд. Лоҷвард ҳамчун санги қиматбаҳо дар заргари, тайёр кардани ҳаргуна маснуоти орошиӣ ва ранги нилобӣ кор фармуда мешавад.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …