Маълумоти охирин
Главная / Биология / Лойхӯрак

Лойхӯрак

ЛОЙХӮРАК (Limicolae), зерқатори паррандаҳо аз қатори Charadrifor-mes. Дарозии тани Лойхӯракҳо аз 14 то 62 см буда, пойҳояшон дароз ва ангуштонашон баъзан байни ҳам бо парда пайваст шудаанд. Болҳои дарозу камбар, кӯтоҳ, нӯли кӯтоҳ ва дароаз рост ва каҷ парҳои зич ва хокиранг доранд. Ду оилаи Лойхӯракҳо маълумаҳд: бекасҳои ранга —Rostratulldae (ду намуд) ва ржаикаҳо — Gharadrllaae (160 намуд). Онҳо дар ҳамаи қитъаҳо (ғайр аз Антарктида) паҳн шудаанд.

Лойхӯрак

Бештари Лойхӯрак ҳангоми парвози мавсимӣ баъзан ба масофаҳои дур парида мераванд. Лойхӯракҳо дар ҷойҳои кушод, соҳили баҳрҳо, дарёҳо, кӯлҳо, тундра, дашт зиндагӣ карда бемӯҳраҳои хӯрди обӣ ва хушкигардро мехӯранд; онҳо дар замин лона сохта 2—4 тухм мегузоранд. Аксари Лойхӯракҳо паррандаҳои моногаманд.

Дар фаунаи Тоҷикистон қариб 20 намуди Лойхӯрак мавҷуд буда, вале онҳо фақат дар давраи афзоиш (ғайр аз доснулак зиндагӣ мекунанд. Дар давраи парвози тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар пастхамиҳои дарёҳои Кофаринхон, Вахш, Зарафшон ва ғайра. Burhinus ое-dienemua, Tringa hypoleucos, Chorad-riuғs dubiua, Ch. alehandrinua ва дар водии паҳнои дарёҳои Помир Ch. mon-golua, Ibidorhyncha atrutherai, Gallinago solitara, T. totanus вомехӯранд.

Лойхӯракон

Баъзеҳо «Кирми Лойхӯракро» бо «Лойхӯрак» омехта мекунад, ки ин иштибоҳ аст. Лойхӯракро тоҷикон дар баъзе деҳотҳо бо номи «Чуррак» истифода мебаранд, чунки овози «Чурррррр»-ро бисёр талафуз мекунад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …