Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Лоиқ Шералӣ

Лоиқ Шералӣ

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ (тахалусаш «Лоиқ») шоири барҷастаи тоҷик. Лоиқ санаи 20.5.1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент таваллуд шуда санаи 30-юми июни 2000-ум сол дар ш. Душанбе вафот кард ва уро дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд.

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Лоиқ Шералӣ аз оилаи деҳқон буд. Аъзои ҳизби партияи комунисти аз соли 1972 буд. Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченко шаҳри Душанберо соли 1961 хатм кард. Муҳаррири шӯъбаи мусиқӣ, адабӣ ва драмавии Комитети радио ва телевизион (1963—65), ходими адабии газетаи «Комсомол» Тоҷикистон» (1965-66), мудири шӯъбаи назми журнали «Садои Шарқ» (1907—75) буд. Аз соли 1975 мушовири адабии ИН Тоҷикистон.

loiq_sherali_02

Аз соли 1979 котиби Раёсати ИН Тоҷикистон ва сармуҳаррири журнали «Садои Шарқ». Маҷмуаи аввалинаш — «Сари сабз» (1960). Сипас ашъори Лоиқ дар китоби шеърҳои «Илҳом» (1968) ва «Нӯшбод» (1971), «Ташнадил» (1974, ба ҳуруфоти арабӣ) ба табъ расид. Китоби «Соҳплҳо» (1972) силсилаи рубоиёти «Ҷоми Хайём» ва дигар шеърҳои Лоиқро дарбар мегирад. Инсон мақому эътибори ӯ, муносибати шахс ва ҷамъият, ҳаёт ва марг ва дигар масъалаҳои, муҳими зиндагӣ мавзӯи асосии рубоиёти ӯст. Рубоиёти Лоиқ Шералӣ ба инкишофи жанри рубоӣ дар назми муосири тоҷик мусоидат кард.

Лоиқ дар васфи модар як силсила шеърҳои марғубе навишт, ки бо номи «Модарнома» машҳуранд. Дар китоби Лоиқ «Хоки Ватан» (1975) тасвири хиради халқ, обу хоки Ватан ва муборизаву ҷонфишониҳои фарзандони бузурги он мақоми калон дорад. Лоиқ ба таърихи маънавии гузаштаи халқ таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир менамояд. Силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома», «Резаборон» ва дигар шеърҳои солҳои охири Лоиқ дар китоби «Марди роҳ» (1978) гирд оварда шудаанд.

Шеъру назмҳои Лоиқ Шералӣ хело зиёд барои мардум писан даст ва бахусус сарояндагони машҳури тоҷик ба мисоли Ҷурабаек Муродов, Боҳодур Неъматов, Кароматулло Қурбонов, Садриддин Наҷмиддин, Ҳасан Ҳайдар ва дигарон аз ашъори ин шоири бузург истифода мебаранд.

Китоби Лоиқ Шералӣ (Қулиёт)
Китоби Лоиқ (Қулиёт)

Лоиқ шоири замони нави тоҷикон буда, ашъораш мазмуни баланди иҷтимоӣ ва фалсафӣ дорад. Се китоби шеърҳои ӯ ба забони русӣ нашр гардид: «Улыбка зари» («Шафақи субҳ», Д., 1969), «Завещанная земля» («Замини меросӣ», М., 1971), «Струны дождя» («Сими борон», М., 1978). Шеърҳои Лоиқ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Лоиқ дар тарҷума низ иштирок дошт: «Савтҳои форсӣ»-и С. Есении, қисме аз «Девони ғарбу-шарқӣ»-и Гёте, «Тиру камон»-и С. Капутикяи, «Андешаҳои роҳ»-и Э. Межелайтпс, «Шамшери худо»-и Д. Кулиев, «Гулафшон»-и С. Есении (ҳамроҳи Бозор Собир), китоби очеркҳои нависандаи булғор Йордан Милов «Диёри домани гардун», пьесаи манзуми Г. Птицын «Хусраву Ширин», шеърҳои М. Светлов, Р. Ғамзатов, Е. Евтушенко ва дигаронро байни солҳои 1965—80 ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Лоиқ бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» мукофотонида шудааст. Лауреати Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1978).

Ба гуфти мардум ин Шоири бузург хусусияти ростгӯи дошт ва ба сиёсатмадорон чандон ҳамфикр набуд ва аз ин лиҳоз нисбати онон ягон шеъри худро набахшидааст. Лоиқ дар мушкилиҳои охири ҳаёташ ки аз беморӣ таҷассум меёфт аз душманони худ медид, ки яке аз он шоир “Аскар Ҳаким” будааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …