Главная / Ҷамъият / Логунов Анатолий Алексеевич

Логунов Анатолий Алексеевич

Логунов Анатолий АлексеевичЛогунов Анатолий Алексеевич (таваллуд 30. 12. 1926, Обшаровка, ҳозира райони Безенчук, вилояти Куйбышев), Олими советӣ дар соҳаи физикаи назариявӣ, акад. АФ СССР (1972; аъзо-корр. 1968). Қаҳрамони Meҳнати Социалистӣ (1980), Ноиби президенти АФ СССР (аз соли 1974). Аъзои КПСС аз соли 1960. Университети давлатии Москваро хатм (1951) ва он ҷо кор кард. Аа соли 1963 директори Институти физикаи энергияҳои баланд (Серпухов).

Ректори Университети давлатии Москва (аз соли 1977). Корҳои илмии Логунов асосан ба назарияи квантии майдон ва физикаи зарраҳои элементарӣ оиданд. Методи таносубҳои дисперсиониро инкишоф дода, алоқаи байни процессҳои гуногуни физикиро дар энергияи баланд муқаррар кард.

Таҳти роҳбарии Логунов комплекси илмии Институти физикаи энергияҳои баланд сохта шуд ва суръатфизои протонӣ ба энергияи 70 ГэВ (1967; Мукофоти ленинӣ, 1907) ба кор андохта шуд. Лауреати Мукофоти давлатӣ М973), бо 2 ордени Ленин, ордени «Нишони Фахрӣ» ва медальҳо мукофотонида шудааст. Санаи 1-уми марти 2015 дар сини 88-солаги дар ш. Москва вафот кардааст.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

muhabbat

МУҲАББАТ

МУҲАББАТ (меҳр, дӯстдорӣ), ҳисси дилбастагӣ, умумияти муносибат ва қаробати байни одамопн ки ба манфиат ва …