Маълумоти охирин

Лодан

ЛОДАН, (Nasturtium), ҷинси растаниҳои бисёрсолаест аз оилаи ҷилликгулҳо. Дар дунё 6 ва дар Осиёи шарқӣ (ҷануби Қисми европоӣ, Кафқоз, Осиёи Миёна) 2 намуди Лодан (N. officinale, N. Microphy-иш) маълуманд. Намудҳои Лодан барги пармонанд, гули майдаи одатан сафед, баъзан гулобӣ, гилофакмеваи кушодашаванда доранд.

Дар Тоҷикистон танҳо 1 намуди Лодан (N. micropbyllum) паҳн шудааст ва дар шибарзамин, соҳили кӯлу дарё, ҳамвориҳои рутубатноку доманакӯҳ ва ғайра месабзад. Пояи навруста ва барги онро ба таом меандозанд. Лоданро пештар дар табобати невралгия, вараҷа, зангила ва ғайра истифода мекарданд. Лодан гликозиди глюконастурцип, равғани эфир, витаминҳои А, С. Е, В ва йод дорад.

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …