Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли Лобнор

Кӯли Лобнор

ЛОБНОР (Lop Nur), кӯли баста ва хушкшудаистода дар ғарби Хитой (Синдзян Уйғур), воқеъ мебошад ки ба забони аслиаш онро «Каракошуккол» меноманд. Дар қисми шарқии ҳамвории Қошғар (Тарим), дар баландии аз сатҳи баҳр қариб 780 метр воқеъ аст.

Кӯли Лобнор

Ба Лобнор дарёҳои Кӯнчидарё ва Тарим мерезад, Каму зиёдшавии масоҳату шӯрии кӯл ба миқдори оби дохилшудаи ин дарёҳо вобаста аст. Масоҳаташ бештар аэ 3 ҳазор километри мураббаъ, тӯлаш зиёда аз 100 км, бари кӯл то 32 км, чуқуриаш ба ҳисоби миёна 1 м. Соҳили Лобнор шӯрхок ва ботлоқзор.

ЛОБНОР ДАР ХАРИТА

Моҳҳои ноябр— март ях мебандад. Баъзе солҳо дарёи Тарим рӯ ба ҷануб ҷорӣ шуда, бо дарёи Черчен якҷоя ба кӯли Қароқушун (Лобиори Пржевалский —100—150 кимлометр чапу ғарбтар аз Лобнор) мерезад. Он гоҳ оби Лобнор хушк мешавад ва дар ҷояш қабати намак боқӣ мемонад. Сабаби хушкшавии Кӯли Лобнор асосан чун мисли Баҳри Арал ин обёрикунӣ мебошад.

Лобнор

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …