Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЛОБОДИН Иван Иванович

ЛОБОДИН Иван Иванович

ЛОБОДИН Иван Иванович (1900, деҳаи Старая Порубежкаи вилояти Саратов — 21. 10. 1941, деҳаи Копании Ростовы Дон),
ЛОБОДИН Иван Иванович Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1942). подполковник. Аъзои КПСС аз соли 1919- Иштирокчии муборизаи зидди босмачиён дар Тоҷикистон.
Баъди хатми Курсҳои олии ҳарбӣ-сиёсии Киев (1923) ба фронти Туркистон фиристода шуд. Соли 1924 комиссари ҳарбӣ ва баъд командири эскадрони полки савораи Олой. Баъди маҳви босмачиён дар Тоҷикистон ва таҳсил дар округҳои ҳарбии Туркистону Закавказия хизмат намуд. Вақти cap шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ сардори заводи асппарварӣ буд.

Бо хоҳиши худ ҳамчун командира полк ба фронт рафт. Дар ҷангҳои шадид дар ғарбтари Ростоҳои полки ӯ зиёда аз 200 мотосикчиёни душманро паст кард. 20 октябри 1941 полки Лободин бо душман ҷангида, ба ақибшинии дивизияи тирандозӣ роҳ кушод.

Душман 21 октябри 1941 ба хатти мудофиаи полки Лободин ҳуҷум карда, 17 танк ва тақрибан 1 батальон аскарони худро талаф дод. Фашистон полки Лободинро иҳота карданӣ шуданд, лекин Лободин ҷангкунон бо як гурӯҳ командирону аскарон аз иҳота баромад ва дар яке аа болохонаҳои деҳаи Копани ҷой гирифт ва дар он ҷо ҳангомн задухӯрдҳо қаҳрамонона ҳалок гардид. Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурх ва медальҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …