Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Лихтенштейн

Лихтенштейн

ЛИХТЕНШТЕЙН (Liechtenstein), Князии Лихтенштейн, давлат дар Европаи Марказӣ, дар соҳили рости болооби дарёи Рейн, дар байни Швейтсария ва Австрия. Масоҳаташ тақрибан 160 километри мураббаъ. Аҳолиаш соли 2017-ум 37,1 ҳазор нафар буда тӯли 500 соли охир ҳамагӣ 10 маротиба зиёд шудааасту халос. Хориҷиён 50% -и аҳолии он мебошанд. Пойтахташ шаҳри Вадутс (аҳолиаш бештар аз 4 ҳазор нафар). Шаҳрҳои калон: Шан, Балтсерс, Хризен, Аз ҷиҳати маъмурӣ Лихтенштейн ба Лихтенштейни Боло ва Лихтенштейни Поён, онҳо бошанд ба обшинаҳо тақсим шудаанд. Забони расмӣ — немисӣ. Дини ҳукмрон — масеҳӣ. Калисо аз давлат ҷудо нашудааст.

ЛИХТЕНШТЕЙН

Сохти давлатӣ. Лихтенштейн — монархии конституционӣ. Сардори давлат — княз. Мувофиқи конститутсияи ҷорӣ, ки соли 1921 қабул шуда буд, ҳокимияти қонунбарорро княз ва ландтаг (парламенти якпалатагӣ) ба амал мебароранд, ки он ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешавад. Лихтенштейн— ягона мамлакати Европоиест, ки дар он занҳо то соли 1976 ҳуқукӣ интихоботӣ надоштанд. Ҳокимияти иҷроияро ҳукумат ба амал мебарорад, ки он аз сарвазир, ҷонишин ва се аъзо иборат аст. Системаи судӣ: суди олӣ, судҳои округӣ, трибунали олии давлатӣ.

Табиат. Қариб 30%-и масоҳат Лихтенштейнро шохаҳои кӯҳҳои Алп (баландиаш зиёда аз 2 ҳазор метр) фаро гирифтаанд. Дар қисми ғарбии мамлакат водии дарёи Рейн воқеъ аст. Иқлимаш мӯътадил, боришоти солона 700—1200 мм. Қариб масоҳати мамлакат асосан аз бешаҳои дарахтони коҷ, олаш, булут иборат аст, марғзорҳои субалпӣ низ ҳастанд.

Маълумоти таърихӣ. Дар давраи ҳукмронии римиҳо хоки Лихтенштейн ба музофоти Ретсил дохил буд. Аввалҳои асри миёна Лихтенштейн як қиёми графии Швабия буд. Баъдтар мулкҳои феодалӣ-графии Вадутс (1342) ва мулки Шелленберг (дар ҳайати «Империяи Рими Муқаддас») ба вуҷуд омаданд. Дар ибтидои асрҳои 17—18 ин заминҳоро князе аз сулолаи Лихтенштейниҳо харанд, онҳо соли 1719 ба князии Лихтенштейн муттаҳид карда шуд, ки то соли 1806 бевосита ба империя тобеъ буд. Соли 1806 Лихтенштейн ба Иттифоқи Рейн ва солҳои 1815—66 ба ҳайати Иттифоқи Германия дохил шуд. Аа соли 1866 Лихтенштейн давлати соҳибихтиёр. Манфиатҳои Лихтенштейнро дар хориҷа Швейтсария ҳимоя мекунад. Почта, телеграф ва телефон, радио ва телевизион дар ихтиёри Швейтсария мебошад. Дар мамлакат зиёда аз 5 газета ба забони немисӣ нашр мешавад.

ДАР ХАРИТА

Иқтисодиёт. Лихтенштейн мамлакати дорои саноати муттарақист. Иқтисодиёти Лихтенштейн ба сармояи хориҷа, хусусан ба сармояи Швейтсария вобаста аст. Қариб 50% аҳолии қобили меҳнат дар саноат кор мекунад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии солонааш тақрибан ба 7 млрд доллар баробар аст ва сари аҳоли тақрибан ба 90 ҳазор доллар баробар аст. Дар мамлакат даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, асосан филиали ширкатҳои Швейцария ҳастанд, ки барои экспорт маҳсулот мебароранд. Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ, химияю фарматсевтӣ, чӯб, бофандагӣ, хӯрокворӣ.

Дар хоҷагии қишлоқ ҳамагӣ 5% аҳолӣ кор мекунад. Танҳо 12,5% масоҳаташ кишт мешавад; 43,8% замин чарогоҳ. Соҳаҳои асосии хоҷагии қишлок— чорводорӣ, боғдорӣ, галлакорӣ. Аз масоҳат. Лихтенштейн роҳи оҳани Париж — Тсюрих — Вена мегузарад.

ВИДЕО ОИДИ ЛИХТЕНШТЕЙН

Туризми хориҷӣ ва курортҳо, нашри маркаҳои почта манбаи асосии даромад мебошад. Воҳиди пул — франки Швейтсария (100 франки Швейцария = 40 суму 13 тин, январи 1979).

Маориф. Барои кӯдакони аз 6 то 14-сола мактаби 8-солаи ҳатмӣ вуҷуд дорад. Соли таҳсили 2017-ум 3 ҳазор талаба мехонд. Баъди хатми мактаби 8-сола дар мактаб-гимназияи 5-сола ё дар мактаби миёнаи 3-солаи реалӣ таҳсилро давом медиҳанд. Соли таҳсили 2017 дар мактабҳои миёна 1,9 ҳазор талаба мехонд. Таълим ба забони немсӣ. Лихтенштейн 5 мактаби хусусӣ дорад. Маълумоти олиро дар хориҷа мегиранд. Дар Вадутс музеи давлатӣ ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …