ЛЮТЕР

luterЛЮТЕР (Luther) Мартин (10. 11. 1483, Эйслебен, Саксовия—18.2.1546, ҳамон ҷо), сарвари Реформацияи бюргерӣ дар Германия, асосгузори протестантизми немис (лютерчигӣ), Соли 1505 Университети Эрфуртро хатм карда, аз соли 1508 cap карда дар Университети Виттенберг аз илми илоҳиёт ларс мегуфт. Соли 1517 бо 95 тезис ба муқобили индульгенция (шаҳодатномаи авфи гуноҳ) баромад. Дар ин тезисҳо нуқтаҳои асосии дини нави ӯ, ки тамоми аҳком ва сохти калисои католикиро инкор мекард, ифода ёфтаанд. Лютер мақоми калисо ва рӯҳониёнро ҳамчун миёнрави байни худо ва инсон рад менамояд. Ба ақидаи ӯ «наҷоти» инсон на ба иҷрои «корҳои нек», маросимҳои пурасрор, балки ба покии зътиқод вобаста аст. Манбаи аҳкоми дини насронӣ на «Ривояти муқаддас», балки Инҷил (Библия) мебошад. Дар ақоиди динии Лютер рӯҳияи пурихтилофи бюргерҳои немис (ибтидои асри 16) ифода ёфтаанд.

Табақаҳои опозиционӣ ва революционӣ тезисҳои Лютерро ҳамчун даъват ба муборизаи зидди калисои католикӣ пазируфтанд. Ба ҳаракати ҷамъиятии Германия такя карда Лютер ба суди динии Рим ҳозир нашуд. Соли 1520 дар назди омма дар ҳавлии Университети Виттенберг буллаи (ҳукмномаи) папаро дар бораи такфири худаш сӯзонд. Аммо солҳои 1520—21 баъди ба арсаи сиёсӣ омадани Т. Мюнцер Лютер аз мавқеи аввалаи радикалӣ дур щуд. Дар давраи ҷанги деҳқонон (1524—26) барқарор кардани ҳокимияти крепостноиро талаб кард. Дар таърихи афкори ҷамъиятии немис Лютер ҳамчун арбоби маданият, ҳамчун ислоҳотчии таълим, забон, мусиқӣ ва ғ. нуфуз дорад.

 

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …