Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЛЮМИНОФОРҲО

ЛЮМИНОФОРҲО

lumoniforЛЮМИНОФОРҲО (аз лот. lumen— рӯшноӣ ва юн. phoros — ҳомил, баранда), моддаҳои сахт ва моеъанд, ки дар натиҷаи ангезишҳои гуногуҷинса шуоъ меафкананд (ниг. Люминесценция). Мувофиқи навъи авгезиш Люминофорҳо ба фотолюминофорҳо, рентгенолюминофорҳо, радиолюминофорҳо, катодолюминофорҳо, электрод юминофорҳо ҷудо мешаванд. Аз рӯи ниҳоди химиявӣ Люминофорҳо органикӣ (органолюминофорҳо) ва ғайриорганикӣ (фосфорҳо) мешаванд. Фосфорҳои сохташон кристаллӣ кристаллофосфорҳо ном доранд. Люминофорҳо асосан бо таркиби спектрӣ, ихроҷӣ энергетикӣ ва квантии шуоъ, инертнокӣ характеринонида мешававд. Органолюминофорҳо амалан ғайриинертӣ буда, к. а. м.-и баланд доранд, аммо ноустуворанд. Барои ҳосил кардани рангҳои люмивесцевтӣ, индикаторҳои химиявӣ, дар микроскопҳо ва дефектоскопия истифода мешаванд. Кристаллофосфорҳо (ZnS, CdS)-po ҳангоми якҷоя бо атетиваторҳо гудохтани шихта (Си, Bi, Pb, Ag) ҳосил мекунанд. Люминофорҳои мутағайар ва доимӣ амаликунанда мавҷуданд. Тобиши Люминофорҳои навъи якум бо таъсири афканишоти беруна ва тобиши Люминофорҳои навъи дуюм бо афканишоти изотопҳои радиоактивӣ таркиби кристаллофосфорҳо ба амал меояд. Люминофорҳои ғайриорганикӣ дар тайёр кардани лампаҳои люминесцентӣ, экранҳои телевизионӣ, осциллографӣ ва флюрографӣ, барои индикацияи шуоъҳои ядроӣ ва рентгенӣ ва ғ. истифода мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …