Маълумоти охирин
Главная / Илм / Литий

Литий

ЛЙТИЙ (лот. Libhium), Li, элементи химиявии гурӯҳи I система» даврии Менделеев; рақами ат. 3, массаи ат. 6,941, металлы ишқорӣ. Соли 1817 химики швед А. Арфведсон кашф кардааст. Литийи табиӣ аз 2 изотопи собит Li (7,42%) ва 7Li (92,58%) иборат аст. Литий металли сабук, нарм, ёзанда, рангаш сафеди нуқратоб, гуд. 180,5° С, t ҷӯш« 1317° С, зичиаш 534 кг/м* (20°С). Литий дар пайвастҳояш яквалента. Ҳангоми дар оксиген ё ҳаво сӯхтан оксид (Li20) ҳосил мекунад.

ЛитийБо аксари нометаллҳо — галогенҳо (бо иод ҳангоми гарм кардан), сульфур ва карбон (ҳангоми гарм кардан), нитроген, фосфор (дар шароитҳои махсус) ва ғ. пайваст мешавад. Аз об ва кислотаҳо гидрогенро хориҷ мекунад. Металлид ва пайвастҳои органикии сершумор ҳосил мекунад. Литий дар қишри Замин 3,2 • 10-%-ро ташкил медиҳад. Дар таркиби зиёда аз 150 минерал (сподумен, лепидолит, петалит, амблигонит ва ғ.) мавҷуд аст. Пайвастҳои Литийро дар натиҷаи коркарди гидрометаллургии концентратҳо (маҳсули бой гардонидашудаи маъданҳои Литий) ва Литийи металлиро бо роҳи олектролизи хлоридҳои Литий ва калий дар ҳарорати 400—460° С ҳосил мекунанд. Литий дар металлургия (ҳосил кардани хӯлаҳо), энергетикаи ядроӣ (изотопи Li ягона манбаи саноатии истеҳсоли тритий мебошад), техника, саноати силикат ва ғ. истифода мешавад. Литий ба таркиби организмҳои зинда дохил мешавад. Муайян карда шудааст, ки Литий қобилияти устувории растаниҳоро нисбат ба беморӣ баланд мекунад, фаъолияти фотохимиявии хлоропластҳоро дар барги растанӣ ва синтези никотинро метезонад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …