Маълумоти охирин

Лисабон

ЛИСАБОН (Lisboa ба забони аслӣ) – пойтахти Португалия, маркази асосии иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании мамлакат. Дар резишгоҳи д. Тежу (Тахо), 15 километр дуртар аа соҳилҳои Атлантик воқеъ гаштааст. Иқлимаш субтропикии уқёнусӣ. Ҳарорати миёнаи солонааш 16,4°С. Боришоти солона 586 милиметр. Ҷойгиршавии Лисабон дар харита бо 38°43′00″ паҳноии шимолӣ ва  9°10′00″ дарозии  гарбӣ.

Лисабон
Сурати Лисабон

Узели муҳими нақлиёти баҳрӣ ва ҳавоӣ, бандари калонтарини мамлакат. Лисабон дар алоҳидагӣ 0,5 миллион аҳолӣ дорад ва дар якҷоя бо шаҳрчаҳои атроф воҳиди маъмурии Лисабони Калонро ташкил медиҳад, ки дар он қариб 1,5 миллион нафар аҳолӣ (2015) зиндагӣ мекунад.

Соҳаҳои асосии саноат; бофандагӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ, чармгарӣ, химия, металлургия, мошинсозӣ, коркарди металл ва истеҳсоли маҳсулоти нефт. Метрополитен дорад (аз соли 1955). Туризм ривоҷ ёфтааст. Дар Лисабон Университети Лисабон, Донишгоҳи католикии Лисабон, Университети техникӣ, Академияи фанҳои Лисабон, Академияи ҳарбӣ, Академияи миллии мусиқӣ, Академияи таърихии Португалия, Академияи миллии санъати нафиса, Омӯзишгоҳи баҳрнавардӣ, Консерваторияи миллӣ, Академияи мусиқӣ, институтҳои тадқиқоти илмӣ ва ҷамъиятҳои илмии табиатшиносӣ, техника ва маданият, 18 китобхона ва архив, 14 музей, театрҳои опера ва драма, нигористони расмҳо, боғи ботаникӣ ҳаст. Машҳуртарин ёдгориҳои меъморӣ: қалъаи Сан-Жорж (асри 14), дайри Жеронимуш (1502—1520), минои Торри ди Белен (1515—20) бо калисои Санта-Мария ди Белен, Қасри қадимии шоҳ (асри 16) ва ғайра.

Лисабон дар харита

Лисабон ҳанӯз дар замонҳои қадим Олисипо ном дошта, ба он қабилаи лузитани ибериҳо асос гузоштааст. Лисабонро дар асри 2 пеш аз мелод римиён, асри 6 вестготҳо, асри 8 арабҳо, солҳои 1581— 1640 испанҳо, 1807—08 франсавиҳо забт кардаанд. Соли 1820 Лисабон маркази револютсиони буржуазӣ, дар нимаи 2-юми асри 19 базаи ҳаракати республикавӣ ва коргарӣ буд. Шӯриши соли 1910 дар Лисабон боиси республика эълон шудани Португалия гардид. Дар асри 20 Лисабон ба яке аз такьягоҳҳои асосии ҳаракати револютсионию демократии Португалия табдил ёфт.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …