Маълумоти охирин

Лиму

ЛИМУ (Citrus limon), растании бисёрсолаи ҳамешасабзи субтропикӣ» мансуби судобиҳо. Лимуро дар забони русӣ «Лимон» ва ба забони англисӣ «Lemon» меноманд. Баландии дарахти лиму 3—7 метр, шохҳояш хордор, баъзан бехор, баргаш ғафс, дарозрӯя, тухмшакл, гулаш дуҷинса, сафеди хушбӯй, мевааш тухмшакл, баъзан мудаввар (дарозиаш 5—7 см), вазнаш то 120 грам, ғафсии пӯсташ 2—5 милиметр, рангаш зард, мағзи мевааш зарди кушод, сероб ва турш, то 20 (баъзан зиёдтар) дона тухм дорад.

Лиму
Шох ва меваи Лиму дар сурат

Дар қисми ҷнубии Тоҷикистон Лиму баҳор, тобистон ва тирамоҳ нуму карда, зимистон (дар хунукии то -3 -5°С) аз рушд мемонад. Лиму ба ҳарорати паст хеле ҳассос буда, дар — 1,5—2,5  С мева ва — 5—6° С хунукӣ баргу навдаҳои ҷавонаш зарар мебинад ва дар — 6—8° С хунукӣ тамоман нобуд мешавад. Лиму растании намию гармӣ ва равшанидӯст. Дар аввали баҳор дар ҳарорати 10— 12 дараҷа С гармӣ нашъунамо карда гул мекунад. Давраи наваш аз 150 то 180 рӯз. Дар 2—3 сол баргашро нав мекунад. Гармии оптималӣ барои сабзиш ва гулкунии Лиму +17 дараҷа С. Дар натиҷаи норасоии рушноӣ Лиму сербарг, вале сабзишаш суст шуда ҳосилаш кам мешавад. Ватани лимуро Осиёи Ҷанубӣ Шарқӣ меҳисобанд. Лимуи хушбӯй маълум нест. Дар кишварҳои субтропикии баҳри миёназамин, ШМА, Мексика, Аргентина ва дигар мамлакатҳо парвариш мекунанд.

Лиму дар Тоҷикистон зиёда аз 70 сол ин ҷониб парвариш карда мешавад.  Ҳоло зиёда аз 200 навъи он дар ҷаҳон мавҷуд аст. Лимуро дар районҳои Гурҷистони Ғарбӣ, соҳили баҳри Сиёҳи Кавказ ва қисман кишварҳои Краснодар (Сочи—Адлер) дар заминҳои кушод мепарваранд. Дар Осиёи Миёна дар хандақҳо ва хонаҳои махсус парвариш мекунанд. Аввалин корҳои таҷрибавӣ оид ба парваришу санҷиши Лиму дар Тоҷикистон соли 1935 дар районҳои Панҷ, Фархор, Қӯрғонтеппа ва Колхозобод cap шуда буд. Аз соли 1949 cap карда дар райони водии Вахш усули дар хандақҳо парвариш намудани Лиму васеъ татбиқ шуд, ки дар он ҷо шароити мусоиди иқлиму хок мавҷуданд. Соли 1971 дар районҳои водии Вахш 48 хоҷагӣ ба парвариши Лиму машғул буданд. Дар ин хоҷагиҳо 60 ҳазор бех Лиму (40 ҳазор бехаш мева медод) буд ва ҳамон сол колхозу совхозҳои республика ба давлат 1,7 миллион дона мева фурӯхтанд.

Лимуи хом
Лимуи хом

Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли Лиму дар байни давлатҳои  собиқ шӯъравӣ ҷои аввалро ишғол менамуд. Совхози махсуси лимупарварии ба номи Н. Қаробоев 46 гегтар (34 гектар ҳосилдеҳ) лимузор дорад. Лимузаори тамоми хоҷагиҳои лимупарварии ҷумҳурӣ атрофи 50 гектар (асосан дар водии Вахш) аст. Лимупарварони тоҷик соли 1980 ба давлат 650 тонн Лиму фурӯхтанд. Дар хоҷагихои лимупарварии республика навъҳои «Мейер» (аз соли 1940), «Вилла — Франка», «Лисбон», «Кузнера»-ро парвариш мекунанд. Навъи «Мейер» аз пайванди лимую афлесун ҳосил шудааст, ки ин навъи тезпаз буда, дар аввали ноябри саросар мепазад. Соли дуюм ҳосил медиҳад. Аз ҳар дарахти Лиму, ки дар хандақҳо парвариш карданд 250—300, баъзан 600—700 дона Лиму меғундоранд. Лиму хусусиятҳои гуногуни муолиҷавӣ ва парҳезӣ дорад. Барои табобати зангила, гулузиндонак, дарди гулӯ, касалиҳои меъдаю рӯда, фишори хун ва роҳи воситаи хубест. Дар таркиби меваи Лиму 3,5—8,1% туршӣ (асосан ҷавҳари лиму), 1,9—3,0% қанд, 45— 140 мг (дар 100 г мева) витамини С, инчунин А, В, Р ва г., моддаҳои пектинӣ, намакҳои минералии оҳан, фосфор, калий, кальций, магний мавҷуд аст. Лимуро барои тайёр кардани нӯшокиҳои гуногун (лимонад, ликёр ва ғ.), мураббо, пастила истифода мебаранд. Лиму дар атриёт, қаннодӣ ва ғ. низ аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …