Главная / Ҷуғрофия / Лимонит

Лимонит

ЛИМОНИТ (нем. limonit, аз юн. leimon — марғзор; ҷои нам), номи умумии агрегатҳои минералии табиии аморфӣ ё ниҳонкристаллӣ (микрокристаллӣ), ки аз омехтаи гидрооксидҳои оҳани севалента (гётит, гидрогётит, гидрогематит, лепидокрокит, турьит) иборатанд. Таркиби химиявии Лимонит.

Сурати Лимонит
Сурати Лимонит

HFeOa пН20 (п-то 4). Одатан агрегатҳои коллоидӣ, шушамонанд, хокамонанд ҳосил менамояд. Рангаш бӯр, сиёҳ ва зарди бӯртоб. Сахтиаш 4—5,5; анчиаш 3300—4000 кг/м3, Пайдоишаш экзогенӣ. Бешатар аз вайроншавии пирит ва дигар сулфидҳои оҳандор, сидерит, сликатҳои оҳан ва ғ. ҳосил шуда, дар шакли латерит, маъданҳои ботлокӣ ва ғ. вомехӯрад. Лимонит маъдани муҳими оҳан мебошад.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

Leeds

Шаҳри Лидс

ЛИДС (Leeds), шаҳри графи, маркази қадими бофандаги Британияи Кабир. Дар графин Райдинги Ғарбӣ, дар соҳили …