Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ликватсия

Ликватсия

Ликвасия – ба руссӣ – ликвация (аз лот. liquatio —моеъгардонӣ, гудозиш), сегрегация (аз лот. segregatio — ҷудокунӣ), дар металлургия, ғайриякҷинсагии таркиби химиявии хӯлаҳо, ки дар вақти кристаллшавии онҳо ба вуҷуд меояд. Сабаби ба вуҷуд омадани Ликватсия дар он аст, ки хӯлаҳо мисли металлҳои холис на дар як ҳарорати муайян, балки дар фосилаи ҳтратҳо кристалл мешаванд. Дар ин ҳол таркиби кристаллҳои дар ибтидои сахтшавӣ ба вуҷудоянда аз таркиби қатраҳои охирини маҳлули аслии кристаллшаванда метавонад ба куллӣ фарқ кунад.

ЛикватсияФосилаи ҳароратҳои кристаллшавии хӯла ҳаркат дар калон бошад, Ликватсия ҳамон қадар бештар инкишоф меёбад, дар айни ҳол ҳамон ҷузъҳои хӯла, ки ба васеъшавии интервали кристаллшавӣ таъсири калон доранд, бештар ба Ликватсия майл зоҳир мекунанд (мас., барои пӯлод — сулфур, оксиген, фосфор, карбон). Ликватсия одатан ба сифати металлҳо таъсири номатлуб мерасонад, зеро он боиси номунтазамии хосиятҳои металл мегардад. Ликватсияҳои дендритӣ (дар микроҳаҷмҳои хӯла зоҳир мешавад) ва минтақавӣ (дар тамоми хаҷми хӯла мушоҳида мешавад мавҷуданд. Ликватсияҳои меҳварӣ ва ғайримеҳварӣ низ ҳастанд. Ликватсия махсусан барои пӯлод аҳамияти калон дорад, ки онро бори аввал соли 1866 металлургони рус Н. В. Калакуцкий ва А. С. Лавров ошкор наму-даанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …