Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЛИКВАЦИЯ

ЛИКВАЦИЯ

ЛИКВАЦИЯ (аз лот. liquatio—моеъ гардидаи, гудозишӣ), дар геология, протсессе, ки ҳангоми паст шудани ҳарорат магмаи гудохта ба ду моеи ба якдигар омехтанашаванда ҷудо мешавад. Аз кристалл бастани ин гудохтаҳо агрегатҳои минералии гуногунтаркиб (ҷинсҳои кӯҳию маъданҳо) ба вуҷуд меояд.

likvaciya

Як гурӯҳ олимон (Левинсон-Лессинг, Депи ва дигарон) Ликватсияро яке аз роҳҳои асосии пеш аз кристаллбандӣ ҷудо шудани магма мешумориданд, гурӯҳи дигар (Д. С. Белянкин, Грейг ва диг.) хулосаҳои таҷрибаро ба асос гирифта, эътироф мекунанд, ки Ликватсия танҳо ҳангоми тақсимшавии гудохтаҳои сульфидии) силикатӣ вуҷуд дошта, боиси пайдоиши конҳои ликвационии сульфидӣ мегардад. Геологҳои америкоӣ (О. Ф. Татл, Н Фридман) ва советӣ (Д. Л. Григорьев, О. А. Есин, Я. И. Ольшанский ва диг.) дар гудохтаҳои силикатӣ, махсусан гудохтаҳое, ки компонентҳои бухоршавандаашон (фтор, об, бор) фаровонанд, зоҳиршавии Ликватсияро дар таҷриба санҷидаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …