Маълумоти охирин

Лифток

ЛИФТОК (ба забони англисӣ Ampelopsis), ҷинси лианаҳои хазонрез, мансуби ангуриҳо (Vitaceae). Гули гуногуиҷинсаи гулбаргҳояш сафед, нилтоб ё норинҷӣ доранд. Қариб 20 намуди Лифток, асосан дар Америкаи Шимолӣ ва Осиё паҳн гаштааст. Ба забони руссӣ ба ин растаниро “Ампелопсис” меноманд. Инчунин дар шаҳрҳои калону хурд ин растаниро барои соя намудан ва ё ороиш додан ба девору сарҳади хона истифода мебаранд.

Лифток
Сурати “Лифток”

Дар Тоҷикистон 2 намудаш (Ampelopsis Vitifolia ва Ampelopsis Tadshikiatanica) дар нишебиҳои қаторакӯҳҳои Ҳисор, Қаротегин, Пётри 1 ва Дарвоз, гоҳо дар нишебиҳои кӯҳҳои Боботоғ, Қаратоғ, Рангон, Ғозималик, Сарсарак, инчунин дар Помири Ғарбӣ (900—2500 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд.

Лифток чун растанмии ороишӣ ва сабзкории нишебии роҳҳо маъмул аст. Лифтокро ба тарзи нашвӣ, гоҳо кошта зиёд мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …