Маълумоти охирин

Лифт

ЛИФТ (аз забони англисӣ «lift» — бардоштан), мошин-нақлиёти болобардори стапионарӣ, ки барои ба ягон баландӣ бардоштани одамон аз бор дар кабина ё платформаи махсус пешбинӣ шудааст. Кабинаи Лифт дар чоҳи бино амудӣ ҳаракат мекунад.

Лифт

Лифт яке аз ихтирооти қадимаи инсоният мебошад. Аввалин Лифтҳоро римиёни қадим (асри 1 то мелод) сохта буданд (дар «Қасри тилло»-и императори Рим Нерон), ки то балондии 40 метр мебаромад. Аввалин Лифтҳои пассажирӣ дар Россия асри 18 сохта шуд. Соли 1793 (мувофиқи баъзе маъхазҳо 1795) дар Қасри Зимистонӣ аз рӯи лоиҳаи И. П. Кулибин Лифти пассажирии винтӣ шинонда шуд. Дар нимаи асри 19 баробари авҷ гирифтани сохттмони биноҳои серошёна Лифтҳои бо буғ ва моеи фишурдашуда ҳаракаткунанда ба вуҷуд омаданд.

Ба сифати механизми болобардор чиғир (лебёдка), гидросилиндр ва таҳвили винтиро истифода мебурданд. Соли 1880 Л. Сименс дар Германия аввалин Лифти бо қувваи электрика ҳаракаткунандаи механизми болобардораш рейкагиро сохт. Аз ибтидои асри 20 лифтҳои электрикӣ бо симтаноб кашидашаванда маълум гаштанд.

Схемаи лифти пассажирӣ: 1 — мошинхона; 2—чигир; 3— симтанобҳои корӣ; 4 — овезаи кабина; 5—лифтқаппак; 6— кабина; 7—чоҳ; 8— самтдиҳандаҳои кабина: 9 — порсанг; 10—буфер; 11-маҳдудкунандаи суръат; 12 — стансияи магнитӣ.

Лифтҳо боркаш (умумӣ ва махсус) ва пассажирӣ (муқаррарӣ ва баландсуръат) мешаванд.

Кабинаи баъае Лифтҳо бо суръати баланд ҳаракат мекунад (масалан, суръати Лифти манораи телевизионии Останкино 7 метр/сония мебошад). Кабниаи дар симтанобхо овезон қад-қади шахтаи амудӣ, ки қадаш баробари баллндии бино аст, ҳаракат мекунад. Механизми болобардори Лифт — чигир дар қисми боло ё поёни бино  шинонида мешавад. Кабинаро кафшакҳои лағжанда 6 роликдор (ки ҳангоми ҳаракати кабина қад-қади чоҳ болову поён мешаванд) дар ҳолати амуд нигоҳ медоранд. Барои таъмини бехатарӣ кабинаву порсангҳоро камаш ба ду арғамчин меовезанд.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛИФТ

Дар чоҳ лифтқаппакҳое шинонда мешаванд, ки ҳангоми беш аа 15% афзудани суръат ё канда шудани арғамчин кабинаро аз ҳаракат боз медоранд. Ғайр аз ин, дарҳои кабина ва чоҳ блокконтактҳои электрикие доранд, ки ҳангоми кушода будани яке аз дарҳо Лифтро ба ҳаракат намедароранд ва агар дар мавриди ҳаракат дар кушода шавад, ҳаракати Лифтро қатъ мекунанд.

Ҳозир Лифтҳои бо ҷараёни электрикии тағйрёбанда коркунанда маъмуланд. Дар биноҳои «осмонбус» Лифтҳои бо ҷараёни доимӣ амалкунанда истифода мешаванд. Вобаста ба чоп гузориши аппаратураҳо Лифтро фақат аз дарун (аз кабина), фақат аз берун (аз майдончаи нишаст) ва муштаракона идора кардан мумкин аст. Пассажир дар ягон ошёна тугмаи даъватро зер карда, Лифтро «даъват мекунад». Баъди ба кабина даромадан дари кабинаро пӯшида, тугмаи ошёнаи матлубро зер мекунад ва ба Лифт «амр медиҳад».

Лифтҳои пассажирӣ дар биноҳои истиқоматӣ, маъмурию ҷамъиятӣ, корхонаҳои саноатӣ, космодромҳо, манораҳои телевизионӣ ва ғайра; Лифтҳои боркаш дар кӯраҳои домна, заводҳои коркарди нефт ва ғайра истифода мешаванд.

Солҳои охир гурӯҳ-гурӯҳ идора кардани Лифтҳои баландсуръат (аз се то шаш Лифт) маъмул гардид. Идораи гурӯҳӣ самараи кори Лифтҳоро зиёд, мӯҳлати интизоршавиро кам мекунад. Параметрҳои асосии Лифт, андозаҳои кабина, чоҳ ва мошинхона бо талаботҳои давлатӣ муқаррар карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон мувофиқи тахминҳо ба аввали соли 2017 зиёда аз 400 Лифт дар хизмати мардум қарор доранд ки асосан дар ш. Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода ва дигар шаҳрҳо ки дар он шумораи ошёнаашон зиёда аз 7 қабат мебошад насб шудаанд.

Арзиши Лифт бо назардошти насби он дар Душанбе ба соли 2017 тибқи ҳисобҳои миёна барои як ошёна ба 500 доллари ИМА баробар мебошад.  Дар самти насб, фуруш ва хизматрасонӣ кардани Лифтҳои замонавӣ ширкати ИМО (http://imo.tj/) машғул аст. Дар хизматрасонӣ кардани Лифтҳои советӣ, ки дар хонаҳои бисёрқабатаи давраи шӯъравӣ сохташуда мавҷуданд, асосан устоҳои соҳибкор, ки ба ин ё он ширкат алоқаманди надоранд  машғуланд ва ба ҳисоби миёна 10 сомонӣ ҳаққи хизмат дар як моҳ аз ҳар як утоқ мегиранд, ки дохили ин маблағ хароҷотҳои вобаста ба таъмири куллӣ ё харидани қисмҳои эҳтиётӣ намедарояд.

Аввалин лифт дар Тоҷикистон солҳои авввали 1970-ум пайдо ва насб шудаас. То инҷониб (2017 сол) ягон ҳодисаи фавт бар асари ҳодисаҳои садамавии  Лифт дар Тоҷикистон нашудааст. Танҳо якчанд ҳодисаҳои канда шуда афтидани Лифт ба вуҷуд омаддаст ва зарари ҷисмони дидани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Масълаи назорати фаъолияти Лифтҳо ба дӯши ҳукумат, тоҷикстандарт, сотмончиён ва дигарон вобаста шудааст.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …