Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Лисичанск

Лисичанск

ЛИСИЧАНСК – шаҳр дар вилояти Ворошиловгради Украина дар соҳили дарёи Северский Донец. Соҳиби ситгоҳи роҳи оҳан мебошад. Аҳолиаш 105 ҳазор нафар (2017) ва тамоили авзоишшавиро тули 40-соли охир надорад. Яке аз қадимтарин марказҳои истеҳсоли ангишти Донбасс ва маркази муҳими саноат.

Лисичанск
Сурати Лисичанск

Таърихи таъсиси ва пайдоиши худро аз соли 1701 сар кардааст. Корхонаҳои саноатиаш: заводҳои истеҳсоли маҳсулоти нефт, сода, маснуоти резини техникӣ, таъмири шина, «Строммашина» ва маснуоти оҳану бетонӣ. Инчунин 2 заводи шиша, фабрикаҳои дӯзандагӣ, матоъҳои техникӣ, корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (комбинатҳои гӯшт, маҳсулоти орд, нон ва ғайра) дорад. Дар он техникуми кӯҳкорӣ, омӯзишгоҳҳои педагогӣ ва тиббӣ, филиалҳои техникуми химияю технологии Рубежное ва техникуми индустриалии Константиновна мавҷуданд.

Лисичанск дар Харита

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …