Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Либоси миллии тоҷикон

Либоси миллии тоҷикон

Либоси миллии тоҷикӣ: Маълумотҳои қадима оид ба Либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва хитоӣ вомехӯранд. Бозёфтҳои археологӣ, сураҳои рӯи деворҳо ва тасвироти рӯи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапӯшу кӯлоҳ ва предметҳои ороишу зебу зинати миллӣ будаанд.

Либоси миллии тоҷикӣ

Тадқиқоти бозёфтҳо, хусусан материалҳои асри 19 ва аввали асри 20 гувоҳӣ медиҳанд, ки Либоси тоҷикони қисми Шимол ва ҷануби Тоҷикистони ҳозира аз якдигар андаке фарқ дошт. Ин фарқият ба иқтисодиёт ва шароити географӣ вобаста буд. Либоси занон аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак ва фаранҷию чашмбанд (асосан дар Шимоли Тоҷикистон) иборат буд.

Ду намуди курта маълум буд: якқад (тунико), ки ҳоло фақат дар деҳоти дурдаст пиразанҳо мепӯшанд ва камзулчадор, ки ҳоло ҳам мепӯшанд. Куртаи якқадро ду хел медӯхтанд: камартангу доманвасеъ ва дарозу доманаш каме васеъ, ки аз ду паҳлӯяш тирез меандохтанд. Поёни куртаҳои дароз то ба буҷулаки по мерасид. Дар қисми Шимоли Тоҷикистон як намуди куртаи расмӣ медӯхтанд, ки он чуртча ном дошт. Пушти ин хел куртаҳо якқад буда, камзулчаи пешаш чин-чин дӯхта мешуд.

Либоси миллии кудакон

Дар Тоҷикистон куртаҳои кӯтоҳ расм буд, ки вай куртаи таг ном дошт ва онро аз зери курта мепӯшиданд. Гиребони куртаҳои занонаро ду хел медӯхтанд: пешкушод ё бӯғак. Куртаи гиребонаш мешкушодро асосан занҳои солхӯрда мепӯшиданд, ки он камарча ё тугма дошт. Куртаи гиребонаш бӯғакро духтарону арӯсону ҷавонзанон мепӯшиданд. Куртаҳои занона аз духтарона фақат бо дӯхти гиребон фарқ мекарданд. Гиребони чунин куртаҳо уфуқӣ бурида шуда, бо мағзӣ, зеҳгулу гулдӯзӣ оро дода мешуд. Дар Ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, тӯёна ва рӯзмарраро гул мепартофтанд ва юрмадӯзӣ мекарданд. Дар Шимол гиребони курта ва баъзан домани онро юрма ё гулдӯзӣ мекарданд.

Пойафзоли занона аз маҳсӣ, кафши чӯбин ва чармин иборат буд. Занон вақти кор баъзан чоруқу мӯза мепӯшиданд. Либоси тагпӯши мардон аз эзори дарози васеъ ва курта иборат буд. Буриш ва духти курта дар ҳама ҷо як хел буда, фақат бо шакли гиребон фарқ мекард. Дарозии он одатан аз зону поён буд, вале барои ҷавонон кӯтоҳтар медӯхтанд. Гиребони куртаро уфуқӣ ё шоқулӣ, баъзан уфуқию шоқулӣ бурида, мағзӣ медавонданд ё шероза мечаспонданд.

Дар Шимоли Тоҷикистон куртаҳои гиребонбугаки тугмадор расм буд. Дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон аз болои курта яктаҳ, ҷелаки беастар мепӯшиданд. Дар Қаротегин, Дарвоз, Яғноб, Мастчоҳ дар пеши ҷелак аз зер матои чоркунҷаи дарозрӯя медӯхтанд, ки он вазифаи куртаро адо мекард. Дар Шимоли Тоҷикистон яктаҳҳои пешкушодро ба ҷои курта мепӯшиданд. Дар Помир ва баъзе қишлоқҳои Дарвоз аз рӯи курта камзулчаҳои кӯтоҳи беостин (васкат) мепӯшиданд. Номаҳои серпахтаю кампахтаи абраю астардор, ки дар лаби доман, сари остинаш зеҳ мешинонданд, инчунин чакмани мохутӣ, пашмин ва пӯстин Либоси зимистона ҳисоб меёфтанд.

Баъди Россия  Осиёи Миёнаро запт намуд дар байни сокинони ин сарзамин, аз ҷумла тоҷикон, хелҳои нави пойафзол ва ғайра пайдо шуда, Либоси европоӣ расм шуд. Ҳоло ҷои куртаҳои якқаду чакман, чоруқу мукиро палтою костюм, плаш, му-заю ботинка мегирад. Вале анъанаҳои беҳтарини Либоси миллии тоҷикон такмил меёбанд ва аҳамияти худро гум накардаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …