Маълумоти охирин

Либос

ЛИБОС, номи умумии чизҳое, ки инсон мепӯшад. Либосро ба забони руссӣ «Одежда» ва ба забони англисӣ «clothes» мегӯянд. Ба мафҳуми Либос каллапӯш, пойафзол, дастпӯшак ва ғайра дохил мешавад. Асбоби зинат ба Либос танҳо чизи иловагист. Либос баробари иқоматгоҳ ҳамчун яке аз василаҳои муҳофизат аз таъсири гуногуни беруна пайдо шуд.

ЛибосБаъзе олимони буржуазӣ ҳамин сабаби пайдоиши Либосро эътироф намоянд ҳам, аксари онҳо ба пайдоиши Либос назари идеалистона карда, ҳисси шарм, талаботи эстетикӣ (гӯё Либос аз чизҳои ороишу зинат пайдо шуда бошад), тасаввуроти динӣ, ҷодугарӣ ва ғайрараро сабабҳои асосии либоспӯшӣ мепиндоранд.

Либос яке аз ихтирооти қадимтарини инсон аст. Дар байни ёдгориҳои палеолити давраҳои охир тарошкордҳои сангӣ ва сӯзанҳои устухонӣ ёфт шудаанд, ки бо онҳо пӯст метарошиданд ва Либос медӯхтанд. Баробари пӯст барг, алаф, пӯстлохи дарахт низ ҳамчун Либос истифода мешуданд. Шикорчиён ва моҳигирон барои Либос пӯсти моҳӣ, рӯдаи ҳайвоноти баҳрӣ, пару пӯсти паррандагонро низ истифода мебурданд. Инсон дар давраи неолит санъати ресидан ва бофтанро ёд гирифта, барои тайёр намудани Либос нахи растаниҳои худрӯйро ба кор мебурд.

Либоси АфрикансхоДавраи гузариш ба чорводорӣ ва деҳқонӣ ба инсон имконият дод, ки аз пашми чорвои хонагӣ ва нахи зироат (зашр, канаб, пахта) матоъ тайёр кунад. Инсон то ихтирои Либос баданро бо пӯст ва миёну ронро бо чизҳои дигар мепӯшид. Сонитар хелҳои бисёри Либос: куртаҳои дарозу кӯтоҳи чакман, яктаҳ, пешдоман, лӯнгӣ, пойҷома пайдо шуданд. Кафши чӯбин ё хасин, инчунин порчаи пӯсти чорво, ки ба пой мепечонданд пойафзоли оддитарин ва қадимтарин буд. Каллапӯш ба ҷуз вазифаи асосиаш аз замонҳои қадим нишони рамзӣ низ буда, мансубияти иҷтимоии одамон (каллапӯши доҳиён, коҳинон, қаландарон) ва ғ.-ро нишон медод. Либосpo одатан мутобиқан ба муҳити географӣ тайёр мекунанд ва материалаш низ вобаста ба иқлими минтақаҳои гуногун интихоб мешавад. Либоси қадимтарини халқҳои минтақаи тропикии ҷангал (Африка, Америкаи Ҷанубӣ ва ғайра) рӯйпӯши миёну рон, пешдоман, китфпӯшак буд. Дар вилоятҳои хунуки мӯътадил ва ноҳияҳои арктикӣ Либос тамоми баданро мепӯшад.

Либосҳои минтақаҳои хунук ба Либосҳои шимолӣ иқлимаш мӯътадил ва шимоли дурдаст тақсим мешавад, ки дуюмиро фақат аз мӯина медӯзанд. Барои халқҳои Сибир ду хели Либоси мӯина — барои минтақаи наздишимолӣ нобурида, яъне бутун, ки аз cap мепӯшанд (эскимосҳо, чукчиҳо, ненецҳо ва ғ.), барои минтақаҳои ҷанубтар — бурида мешкушод (эвенкҳо, ёқутҳо ва ғ), хос аст. Дар байни ҳиндиёни минтақаи ҷангалзори Америкаи Шимолӣ Либоси чармини махсус паҳн шудааст: занон куртаи дароз, мардон курта ва эзори дароз мепӯшанд. Намудҳои Либос ба фаъолияти меҳнатии инсои вобаста аст. Дар замони қадим занону мардони чорводорҳои бодиянишин Либоси махсус барои саворагардӣ мувофиқ — эзори васеъ ва нома мепӯшиданд. Минбаъд дар протсесси инкишофи ҷамъият таъсири тафовути мавқеи ҷамъиятӣ ва оилавӣ ба Либос меафзояд.

Либоси мардуми кишвари сард- хунукДар байни Либоси мардону занон, духтарону занон фарқ пайдо мешавад, Либосҳои рӯзмарра, идона, тӯёна, мотамӣ ва ғайра ба миён меояд. Мувофиқи тақсимоти меҳнат шаклҳои гуногуни Либосҳoи косибӣ пайдо шуд. Либос аввалҳо махсусияти этникӣ (авлодӣ, қабилавӣ) ва минбаъд умумимиллии халқҳоро инъикос мекард. Навъҳои ноҳияавии Либос низ вуҷуд доштанд. Дар Либос одатан нобаробариҳои иҷтимоию иқтисодии синфҳои гуногун зоҳир мегардад. Масалан, материал, ороиш, духти Либоси бойҳо, деҳқонон, рӯҳониён аз якдигар фарқи калон доштанд. Либос завқи эстетикии аҳли ҷамъиятро низ инъикос мекунад. Хусусияти бадеии Либос ҳамчун намуди санъати ороишу амалӣ ва маҳсули амалӣ бадеӣ аз он иборат аст, ки объекти эҷодиёти худи инсон аст. Либос бо одам вобастагии том дорад. Дар дӯхтан ва интихоби Либос ба таносуби аъзои бадан, синну соли одам, инчунин унсурҳои ҷузъии авохирии ӯ (қад, ранги мӯ, чашм ва ғ.) эътибор дода мешавад.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …