Маълумоти охирин

Либия

ЛИБИЯ (Ливия ба руссӣ ё Dawlat Libya ба англисӣ), кишварест дар Африкаи Шимолӣ. Дар Ғарб бо Тунис ва Алҷазоир, дар Ҷануб бо Нигер ва Республикаи Чад, дар Ҷанбу Шарқ бо Судон, дар Шимол бо Миср ҳамсарҳад. Номи расмиаш “Ҷамоҳирияи Либия” меьошад. Дар Шимоли хоки Либия ба баҳри Миёназамин мерасад. Масоҳаташ 1 759,5 ҳазор метри мураббаъ. Аҳолиаш зиёда аз 6,3 млн. нафар (2017) ва дар 40 соли охир 2-маротиба зиёд шудааст. Пойтахташ — шаҳри Тароблис (Триполи).

Расми Шаҳри Тароблис - Пойтахти Либия
Расми Шаҳри Тароблис – Пойтахти Либия (соли 2010)

Сохти давлатӣ. Ас соли 2011-ум давлатро ҳокимияти гузаранда идора менамояд. То ин дам аз 3 марти 1977 органи олии ҳокимият — Конгресси умумии халқӣ (КУХ; 1979), буд. Сардори давлат—котиби генералии КУХ буд; capфармондеҳи олӣ ҳам худи ӯ буд. Ҳокимияти иҷроия ба Комитети олии халқӣ (ҳукумат) тааллуқ дорад, ки доир ба масъалаҳои гуногун иборат аст. Ҳокимият дар маҳал: ба «маҷлисҳои халқӣ» тааллуқ дорад, ки онҳо «комитетҳои халқии» Роҳбарикунандаро интихоб мекунанд. Системаи судӣ: Суди олӣ, судҳои аслиятсионӣ, судҳои инстаицияи якум, суди халқӣ (аз октябри 1960).

Табиат. 98%-и масоҳати Либияро нимбиёбонҳои субтропикӣ (дар Шимол) ва биёбонҳои тропикӣ (дар Ҷануб) ташкил медиҳанд. Хатти соҳил нисбатан рости яклухт. Ягона халиҷи калонтарин Сидра (Сирти Калон). Қисми зиёди мамлакатро пуштакӯҳ (баландиашон—600 метр) фаро гирифтааст, ки он дар баъзе ҷойҳо ба пастхамиҳои васеъ ҷудо мешавад. Дар Ғарб нишебиҳои калони сербар воқеанд, ки дар oнҳo ба миқдори зиёд peг ҷамъ шудааст. Дар Ҷануб суфакӯҳи сангини Тибест, дар Шимол биёбони Либия воқеъ аст. Иқлимаш тропикӣ, биёбонӣ, дар Шимол— субтропикӣ, баҳри миёназаминӣ. Ҳаpopати миёнаи моҳи хунуктарин (январ) Дар Шимол аз +11°С то +12°С, Дар Ҷануб +15 +1о С; моҳи гармтарин (июл) аз +27 + 29° С то +32+35*С, боришоти солона дар Шимоли мамлакат аз 400—625 миллиметр то 100 миллиметр, дар Ҷануб ва Шарқ то 100 миллиметр, дар биёбони Либия то 25 миллиметр.

Дар мамлакат дарёҳои доимӣ нест. Дар маҳалҳое, ки обҳои зеризаминӣ ба қабати болои хок наздиканд, воҳаҳо воқеанд: хокаш хокистарранг, хокистарранги дорчинӣ. Набототи ноҳияҳои назди соҳил бештар субтропикии нимбиёбонӣ. Қад-қади соҳил аҳён-аҳён ақоқиё, тутанҷир, газ, дар ҷойҳои бештар намнок — паттазори маквис, чакалаки чалғӯза, буттазори сӯзанбарг мерӯяд. Явшон, гиёҳ ва хорзори қадпаст, шӯразор бартарӣ дорад. Олами ҳайвоноташ камбағал буда, асосан хазандаҳо (мор, калтакалос); ба миқдори зиёд каждум зиндагӣ мекунад.

Аҳолӣ. Зиёда аз 90%-и аҳолии мамлакат арабҳои либиягӣ. Инчунин барбарҳо (тақрибан 75 ҳазор нафар) ва гурӯҳҳои начандон калони хауса ва тубу низ зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — арабӣ. дини давлатӣ — ислом (суннӣ). Шаҳрҳои калон: Тароблис (1.5 млн. нафар, 2017 сол) ва Банғозӣ (482 ҳазор нафар).

Очерки таърихӣ. Дар масоҳати ҳозираи Либия инсон дар давраҳои хеле қадим сокин шуда буд. Қабилаҳои бодиянишин — аҷдодони барбарҳои (бедуины ба забони руссӣ) ҳозира, ки дар Либияи Қадим маскун буданд, бо шикор, баъдҳо бо чорводорӣ шуғл доштанд. Масоҳати Либияро дар замонҳои гузашта борҳо аҷнабиён забт кардаанд. Дар айни замон худи либиягиҳо ҳам борҳо заминҳои ҳамсояро ишғол намуда буданд. Дар нимаи 1-уми ҳазораи 1-ум дар Ғарби Либия се қасабаи Финиқия (Лептис-Магна, Саброта, Эа) ба вуҷуд омад. Асри 7 дар Шимоли мамлакат шаҳрҳои юнонӣ ба вуҷуд омаданд, ки Кирена (як қисми Либия Киренаика ном дошт) калонтарин ва муҳимтарини онҳо буд. Дар миёнаи асри 5 қисми зиёди Либия (асосан дар Ғарб) ба тасарруфи Карфаген афтод. Як қисми Киренаикаро дар охири асри 6 — ибтидои асри 5 Ҳахоманишиён, баъдҳо қӯшуни Искандари Мақдунӣ истило карданд. Баъди мағлубияти Карфаген масоҳати Либияро Рим ба даст даровард. Асри 7 дар натиҷаи истилои араб Либия ба Хилофати араб ҳамроҳ карда шуд. Дар натиҷаи ба таври оммавӣ кӯчонида овардани қабилаҳои араб халқи Либия бо мурури замон бо онҳо омезиш ёфт. Дар Либия ислом паҳн шуд. Дар асри 16 масоҳати Либия ба ҳайати империяи Усмония ҳамроҳ карда шуд. Халқи Либия дар давраи дуюми  ҳукмронии туркҳо зуд-зуд бар зидди онҳо баромад мекард. Дар нимаи асри 19 ба ин мубориза тарикати санусия сарварӣ намуд.

Парчами (байрақи) Либия
Парчами (байрақи) Либия

Соли 1911 Италия барои Либия шуда ба ҷанги империалистонаи зидди Туркия бархост, дар натиҷаи ин ҷанг Либия пурра ба Италия тобеъ шуд. Аҳолии маҳаллӣ ба мустамликадорони Италия муқобилати сахт нишои медод. Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Италия маҷбур шуд қисми зиёди қӯшунҳои худро аз Либия барорад, дар амал дар ихтиёри он танҳо шаҳрҳои Хуме, Тароблис ва Байғозӣ монд. Масоҳат. Киренаика зери ҳокимияти тарикати санусия буд; музофоти Тароблис соли 1918 республика эълон карда шуд. Баъди дар Италия ба сари ҳокимият омадани фашистон (1922) ҳукумати Италия боз бар зидди Либия амалиёти ҳарбӣ cap кард. Бар зидди империалистони Италия оташи нави ҳаракати озодихоҳона аланга зад. Танҳо соли 1928 истилогарони Италия Тароблис ва 1930 Фаззонро забт карданд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) Италия умед дошт, ки масоҳат. Либияро ҳамчун база барои забткориҳои минбаъдааш дар Африка истифода мебарад. Аммо қӯшунҳои Италияро, ки аз масоҳат. Либия ба Миср зада даромаданд, охири 1940 қӯшунҳои Англия зада гардонида, худ январ-феврали 1941 Киренаикаро ишғол карданд.

Баъди ба Либия гузаронидани корпуси танкии Роммель қӯшунҳои Италияю Германия Киренаикаро ба даст дароварданд. Лекин баъди дар назди Сталинград торумор шудани қӯшуҳои фашистон қӯшунҳои Италияю Германия аз тамоми хоки Либия бароварда шуданд. Охири 1942 — ибтидои 1943 қӯшунҳои Франция Фаззон, Англия, Киренаика ва Тароблисро забт карданд. Соли 1943 Либия ба зери итоати маъмурияти ҳарбии Британияи Кабир ва Фаронса гузашт. Дар ин ҷо базаҳои ҳарбӣ сохта шуданд. Ассамбляи Генерал, ки ТДМ (1949) қарор кард, ки то 1 январи 1952 ба Либия истиқлолият дода шавад. 24 декабри 1951 Либия мустақил эълон шуда, расман «Шоҳии муттаҳидаи Либия» ном гирифт; ба сари ҳокимият собиқ, амири музофоти Киренаика Идрис ас-Санусӣ (Идриси I) омад. Бо сабаби ҳукмронии дуру дарози хориҷиён Либия то аввали солҳои 50-ум ҳам яке аз мамлакатҳои сусттараққӣ кардаи феодалӣ буд. То ҳол дар бисёр бобат ба давлатҳои империалистӣ тобеъ буд. Баъди эълон шудани истиқлолият барои инкишофи иқтисодиёти миллӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Соли 1963 Либия давлати муттаҳида эълон карда шуд. Занон ҳуқуқи интихоботӣ гирифтанд. Соли 1964 ҳукумати Либия доир ба барҳам додани базаҳои ҳарбии хориҷӣ масъала ба миён гузошт. Баҳори 1966 қисми қӯшунҳои Британияи Кабир аз хоки Либия бароварда шуда бошанд ҳам, базаҳои ҳарбии Англия ва Америка боқӣ монданд.

1 сентябри 1969 гурӯҳи офитсерони артиши Либия («офитсерони озод») табадулоти давлатӣ карданд, дар натиҷа тартиботи монархистӣ сарнагун шуда, Республикаи Либияи Араб (РЛА) эълон карда шуд. Ҳокимиятро Советӣ Револютсионии Фармондеҳ (СРФ) ба дасти худ гирифт. СРФ эълон кард, ки Либия минбаъд бо роҳи тараққиёти капиталистӣ намеравад, дар Либия «сотсиализми исломии Либия» сохта мешавад. Соли 1970 ҳамаи базаҳои ҳарбии хориҷӣ дар хоки Либия барҳам дода шуданд. Соли 1972 маркази иттифоқҳои касаба — Федератсияи умумии иттифоқҳои касабаи коргарони РЛА ташкил шуд. Худи ҳамон сол дар мамлакат ягона ташкилоти сиёсӣ — Иттифоқи сотсиалистии Араб (ИСА) таъсис ёфт. Асоси идеологии ин Иттифоқ ба ном «назарияи ҷаҳони сеюм»-и М. Каддафӣ эълон шуд, ки дин ва миллатпарастӣ меҳвари он буд. Марти 1977 бо қарори органи олии қонунбарори Либия— Конгресси умумии халқӣ (КУХ) СРФ барҳам дода шуда, котиботи генералии КУХ, инчунин ба ҷои Советӣ Вазирон (ҳукумат)-и то ин давра вуҷуд доштаи Либия Комитети олии халқӣ (КОХ) барпо шуд. Мамлакат ба худ номи нави расмй «Ҷамоҳирияи Арабии Халқии Сотсиалистии Либия»-ро гирифт.

Либия дар сиёсати хориҷии худ сиёсати зидди империалистӣ зидди мустамликавӣ ва бетарафиро мебарад. Либия иштирокчии фаъоли ҳаракати мамлакатҳои бетараф мебошад. Роҳбарияти ҳукумати Либия барои инкишоф додани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо мамлакатҳои сотсиалистӣ дар навбати аввал бо СССР баромад мекунад.

Муаммар ал-Қазофӣ
Сурати Муаммар ал-Қазофӣ – Раиси Либия (с. 1970-2011)

Баъди табаддулоти соли 1969 роҳбарони нави Либия ба давлати ягона муттаҳид намудани ҳамаи мамлакатҳои арабро яке аз вазифаҳои асосии сиёсати худ эълон намуданд. 17 апрели 1971 дар натиҷаи аҳду паймони ҳукуматҳои Миср, Сурия ва Либия Федератсияи Республикаҳои Араб (ФРА) эълон карда шуд. Либия бо СССР аз соли 1955 муносибатҳои дипломатӣ барпо кард. Соли 1963 байни Либия ва СССР доир ба савдо, 1972 доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ, 1975 доир ба ҳамкорони маданӣ ва 1976 доир ба киштиронии баҳрӣ созишнома ба имзо расид. Либия ба Аҳдномаи Москва оид ба манъи озмоиши яроқи ядроӣ дар атмосфера, фазои кайҳон ва зери об (1963) ҳамроҳ шуда, ба Аҳдномаи паҳн накардани яроқи ядроӣ имзо кард. Либия Республикаи Халқии Анголаро эътироф намуда, бо РДГ, РХДК, РСВ ва Куба муносибатҳои дипломатӣ пайдо кард.

Либия аз соли 1953 аъзои Лигаи давлатҳои араб, аз 1955 аъзои ТДМ, аз майи 1963 аъзои Ташкилоти ягонагии Африка шуд. Солҳои 1970 то 2011 Либия дар шакли Ҷумҳурӣ вуҷуд дошт ва роҳбарии онро Муаммар ал-Қазофӣ ба уҳда дошт. Кишварҳои НАТО Либияро ҳамчун кишвари ба тероризм дахолатдошта эълон намуда дар сарнагун кардани роҳбари кишвар (Қадофӣ) сабабгор шуданд.

Иқтисодиёт. Дар давраи мустамликавӣ дар соҳаҳои асосии хоҷагии Либия капитали Италия хукмрон буд. Дар хоҷагии қишлоқ шакли асосии истифодаи замин иҷораи замини помешикон буд. Кашф ва ба таври васеъ азхуд кардани конҳои калони нефт дар солҳои 50-ум иқтисодиёти мамлакатро ба куллӣ тағйир доду хуб намуд. Соли 1972 Либия аз рӯи истеҳсоли нефт дар Африка ҷои 1-ум, дар ҷаҳони капиталистӣ ҷои 6-умро ишғол мекард. Конҳои нефти Либияро асосан ширкатҳои нефти Америка истифода мекунанд. Ҳукумати республикавӣ, ки он сентябри 1969 ба сари ҳокимият омад, фаъолияти капитали хориҷиро маҳдуд кард, Уҳдадориҳои корпоратсияи нефти миллии Либия васеъ карда шуданд. Доир ба милликунонидани тамоми сарватҳои зеризаминӣ қарор баромад, дар он гуфта мешавад, ки минбаъд кашф ва истеҳсоли сарватҳои зеризаминӣ танҳо бо иҷозати ҳукумати Либия гузаронида мешаванд. Солҳои 1969—71 бонкҳои хориҷӣ, тамоми замине, ки ба италиявиҳо тааллуқ дошт ва амволи ғайриманқули ширкатҳои хориҷӣ низ миллӣ кунонида шуданд.

Харитаи ЛибияСолҳои 1972—19774 ҳукумати Либия бо як қатор ширкатҳои нефти хориҷӣ барои ба сармояи онҳо шарик шудан шартнома баста, ширкатҳои боқимондаи хориҷиро ҷисман ва тамоман миллӣ кунонид. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо қариб 70%-и нефти Либия ба сектори давлатӣ тобеъ шуд. Июли 1971 Ташкилоти ислоҳоти аграрӣ ва азхудкунии заминҳои бекорхобида таъсис шуд. Аз масоҳати умумии мамлакат барои хоҷагии қишлоқ танҳо 3,8 миллион гектар замин (21%) ба кор меояд. Қариб аз 2/з ҳиссаи ин заминҳо киштзор буда, боқимондааш чарогоҳ мебошад. Дар мамлакат аз зироати ғалладона ҷав, гандум, чойҷуворӣ, чӯворимакка, аз зироати техники чормағзи заминӣ, тухми беханҷир, алафи эспато, тамоку кишт мешавад. Боғдорӣ (хурмо, зайтун, меваҳои ситрусӣ), обчакорӣ инкишоф ёфтааст. Чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва асосӣ мебошад. Дар Либия бузу гӯсфанд, гов, шутур, асп ва хар парвариш карда мешавад.

Аз давраи оғози истеҳсоли нефт (1961) муҳоҷирати аҳолии деҳот ба шаҳру конҳои нефт аз паи музди кор авҷ гирифт. Агар дар соли 1959 қариб 90%-и аҳолии қобили меҳнат дар хоҷагии қишлоқ кор карда бошад, то 1975 шумораи он то 21,8% кам шуд. Саноати истеҳсоли нефт яке аз соҳаҳои асосӣ ва муҳимтарини иқтисодиёти мамлакат буда, қариб 75%-и маҳсулоти умумии миллӣ ба саҳми он рост меояд. То соли 1980 соле то ба 16—18 млн. тонна расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нефт ба нақша гирифта шуда буд. Ба ғайр аз конҳои калони нефт дар мамлакат инчунин конҳои бои газ ҳаст; ҳукумат дар бобати истеҳсол ва самарабахш истифода кардани он чораҳои зарурӣ меандешад. Саноати- коркарди ашёи хом суст тараққӣ кардааст. Истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, пеш аз ҳама семент босуръат инкишоф ёфта истодааст. Соли 1970 дар Банғозӣ заводи электрокабел ба кор даромад, заводҳои қубур, аккумулятор, васли автомошин, шина кор мекунанд. Комплекси металлургӣ сохта шудааст. Саноати сабуки мамлакат асосан аз корхона ва устохонаҳои косибӣ иборат аст. Соли 1975 дар ин соҳа чандин корхонаҳои калон ба кор даромаданд. Саноати хӯрокворӣ низ зуд инкишоф ёфта истодааст; дар Либия 4 заводи орд, 4 заводи консерви моҳӣ, 4 заводи консерви сабзавот ва фабрикаи тамоку ҳаст. Мамлакат ба ғайр аз нефт ба хориҷа чормағзи заминӣ, пӯсти хом, тухми беданҷир, пашм, тамоку, меваи ситрусӣ, равғани зайтун, исфанҷ, сардина бароварда, аз хориҷа автомобил, дастгоҳ, таҷҳизоти саноати нефт, қубурҳои металлӣ, молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ ва ғайра мекашонад. Шарикони асосии савдояш — ИМА, Олмон, Итолё, Англия, Фаронса. Воҳиди пул — динори Либия (1 динор = 1000 дирҳам = 0,7 доллари ИМА ё худ 6 сомонӣ , (марти соли 2017).

ММД – Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Либия дар соли 2017 маблағи 30 миллиард доллари ИМА-ро ташкил кард ва ин нишондиҳанда нисбати солҳои қабли  2-3 маротиба кам аст ва сабабгори ин асосан паст фаромадани нархи нафт дар ҷаҳон мебошад. Либия мисли Руссия ва як қатор давлатҳои дигари содиркунандаи нафта аз нархи нафту газ ниҳоят вобастагии зич дорад. Маҷмӯи маҳсулоти дохили ба сари аҳоли кишвар дар як сол ба 14 ҳазор доллари ИМА рост меояд ки дар ҷаҳон байни 228 давлати ҷаҳон дар ҷойи 109 аст (2016 сол) буд.

Мамлакат роҳи оҳан надорад, калонтарин шоҳроҳи автомобилгард, ки дарозии он 1882 км аст, кад-қади соҳили баҳри Миёназамин аз сарҳади Тунис то сарҳади РМА кашол меёбад. Тӯли умумии роҳи автомобилгард ба 10 ҳазор км мерасад. Роҳи ҳавоии байналхалқӣ Тароблис ва Банғозиро бо Копира ва Тунис, инчунин бо пойтахтҳои давлатҳои Европа — Париж, Рим ва Афина мепайвандад. Аз июли 1970 байни Тароблис ва Москва (роҳи ҳавоии Аэрофлот) алоқаи мунтазами ҳавоӣ кушода шудааст.

Маориф. Низоми маорифи мамлакат аз муассисаҳои томактабии кӯдакон — боғчаҳои бачагона cap мешавад. Системаи таълим аз мактаби ибтидоии 6-сола, миёнаи ду зина (34-3) иборат аст. Соли таҳсили 1974/75 дар мактабҳои ибтидоӣ 980,2 ҳазор, миёнаи нопурра 195,3 ҳазор, миёнаи пурра 30 ҳазор талаба мехонд. Соли 1975 дар бораи таълими ҳатмии 9-сола қонун қабул шуд. Мактабҳои динӣ ҳам ҳастанд, ки соли таҳсили 1974/75 дар онҳо ҳамагӣ 16,2 ҳазор нафар талаба мехонд. Тайёрии касбӣ техникӣ дар базаи мактаби ибтидоӣ ва мактаби миёнаи нопурра дар зарфи 4 сол ба амал бароварда мешавад. Дар пойгоҳи мактаби миёнаи нопурра дар омӯзишгоҳҳои педагогӣ барои мактабҳои ибтидоӣ дар зарфи 4—5 сол муаллим тайёр мекунанд. Донишгоҳи Банғозӣ (таъсисаш 1955), Донишгоҳи Тароблис (таъсисаш 1973), институти алоқа (таъсисаш 1963) мутахассисони маълумоти олидор тайёр мекунанд. Китобхонаҳо: Китобхонаи давлатии Тароблис (таъсисаш 1917), Китобхонаи Банғозӣ (таъсисаш 1955) ва ғ. Дар мамлакат музей археология, музеи табиатшиносию таърихӣ, музеи таърихи атиқа ҳаст.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1976 дар мамлакат ба забони арабӣ газетаҳои «Ал-Фаҷр-ул-Ҷадид» (ҳукуматӣ), «Ар-Paй», «Ал-Ҷиҳод», журналҳои «Ал-ваҳдат-ул-Арабия», «Ҷайш-уш-Шаъб» нашр мешуданд. Радиошунавонӣ аз соли 1957 ва стансияи телевизион аз 1968 кор мекунад.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 2015 ба 1000 нафар 65,4 таваллуд, 10,8 фавт, ба 1000 нафар кӯдаки навзод 99,1 фавт рост омад. Аз касалиҳо бештар бемориҳои сироятӣ, ва паразитарӣ вомехӯранд. Соли 2010 дар Либия 5063 духтур, аз он ҷумла 4027 духтур дар муассисаҳои табобатии давлатӣ, 329 духтури дандон, 793 фарматсевт ба аҳолӣ хизмат мерасонд; 78 муассисаи табобатӣ буд. Коллеҷ ва мактабҳои тиббӣ духтур ва коркунони тиб тайёр мекунанд.

Адабиёт. Баъди истилои арабҳо асри  7 — ибтидои асри 8 адабиёт дар масоҳат. Либия асосан дар ҷараёни умумии маданияти араб инкишоф меёфт. Аз асри 16, аз замоне, ки туркҳо Либияpo забт карданд, ҳаёти адабӣ таназзул кард. Бо вуҷуди он дар асрҳои 17—18 шоирон Умар ал-Фарид, Аҳмад ал-Баҳлулӣ (ваф. 1701) ба арсаи адабиёт омаданд. Шоирон Аҳмад аш-Шариф (1864—1918), Мустафо Зикрӣ (1853— 1918) ва дигарон дар қасидаҳои худ халқро ба муборизаи зидди истилогарони турк даъват мекарданд. Барои назми давраи ҳукмронии Италия мавзӯи ватанпарварона, озодихоҳона (Аҳмад Рафиқ ал-Маҳдавӣ (ваф.1961), Иброҳим ал-Усто Умар (1907— 1950 ва дигарон.) хос мебошад.

Баъди ба даст даровардани истиқлолият (1951) ба адабиёт шоироне омаданд (Алӣ Сидқӣ Абдулқодир, Алӣ ар-Ру-қайн ва дигарон.), ки онҳо аз услуби классикии шеъргӯии арабӣ даст кашиданд. Наср дар Либия солҳои 40—50-ум ба вуҷуд омад. Мубориза баҳри истиқлолияти дақиқӣ, баробарии иҷтимоӣ, маҳкумкунии ҳурофот (Мустафо ал-Мисуратӣ, Абу Ҳappyc ва дигарон) мавзӯи асосии насри Либия буд. Ба насри адибони Либия эҷодиёти нависандагони Миср таъсири калон расонд. Дар солҳои 60 — ибтидои 70-ум ба адабиёт як зумра насрнависон ва шоирони ҷавон омад (Ҷумъа ал-Фа-ронӣ, Аҳмад ан-Нувайрӣ, Фавзия Бариюун ва дигарон). Ба ҳаёти мадании мамлакат Раёсати корҳои санъат ва адабиёт роҳбарӣ мекунад.

 

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …