Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Либерия

Либерия

ЛИБЕРИЯ (Liberia) – Республикаи Либерия (Republic of Liberia), давлатест дар Африкаи Ғарбӣ. Дар Шимоли Ғарбӣ бо Серра-Леоне, дар Шимол ва Шимолу Шаркӣ бо Республикаи Гвинея, дар Шарқ бо республикаи Соҳили Оҷ ҳамсарҳад аст. Онро дар Ғарб ва Ҷануби уқёнуси Атлантик иҳота кардааст. Масоҳаташ 111,4 ҳазор километри мураббаъ. Аҳолиаш 4,7 млн. нафар (2017с.). Пойтахташ шаҳри Монровия (1,1 млн. нафар дар соли 2017). Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 15 граф  тақcим шудааст.

Либерия

Конститутсияи ҷориаш соли 1847 (1955 баъзе ислоҳҳот дароварда шуд) қабул шудааст. Сардори давлат президент, ки ӯро аҳолӣ ба мӯҳлати 8 сол интихоб мекунад. Органи ҳокимияти қонунбарор — парламент. Ҳукумати Либияро кабинети вазирон ташкил медиҳад. Системаи судӣ: Суди Олӣ, округӣ ва судҳои мунитсипалӣ, судҳои махсус ва ғайра.

Табиат. Соҳили Либия асосан ҳамвор аст. Дар ҳамвории пастии назди соҳил 40-50 ботлоқзорҳо вомехӯранд. Ҳамворӣ дар дарунтари мамлакат торафт баланд шуда, пас ба баландии Леоно-Либерия (қаблан Нимба, 1752 метр) табдил меёбад. Дар Либерия конҳои оҳан, алмос, тилло мавҷуданд. Иқлимаш гарми сернам. Ҳарорати миёнаи моҳона аз +27 С паст намефарояд. Боришоти солона дар ноҳияҳои дохили мамлакат 1500—2000 мм, соҳили уқёнуси Атлантик то 5000 мм.

Дарёҳои асосӣ: Мано. Лоффа, Сент-Пол (Дианн), Сент-Ҷон, Сесс, Кавалли. Қариб 1/з масоҳат. Либияро бешаи анбӯҳи ҳамешасабзи экваторӣ (дарахтони сурх, палисандр, каучук ва ғ.) пӯшондаанд. Дарахтони қаҳва, нахл паҳн шудаанд. Дар саваннаҳо алафҳои баланд, баъзе намуди ақоқиёю баобаб, дар соҳилҳо растаниҳои мангровӣ мерӯянд. Хокаш зарди сурхчатоби латеритӣ. Дар саваннаҳо шоҳбарзагов, Паланг, оҳу, гуроз дучор меоянд. Дар бешаҳо маймун, мор, паррандаю ҳашаротҳо бисьёранд.

Аҳолй. Гурӯҳи асосии аҳолиро (қариб 47%) халқҳои ба ҳамдагар наздики мандезабонҳо (кпелле, лома, мано, малинке ва дигар) ташкил медиҳанд. Халқҳои гурӯҳи гвинеягӣ (кру, гребо, кран ва дигар қариб 43% аҳолӣ) дар қисми ҷануби Либия ва ноҳияҳои назди соҳил зиндагӣ мекунанд. Халқҳои қисми шимолу ғарбии мамлакат ба забонҳои атлантикӣ ё гурӯҳи бантузабон (гола, киси; қариб 9% аҳолӣ) гап мезананд. Аҷдодони зангиёни озодшудаи Америка— асосгузорони республика дар Либия имтиёзҳои махсус доранд. Забони давлатӣ — англисӣ аст. Нисфи зиёди аҳолӣ пайрави мазҳабҳои анъанавии маҳаллӣ буда, боқимонда мусулмон ва насронианд. Шаҳрҳои калони Либерия: Монровия, Маршалл, Бьюкенен, Харпер ва Гбанга мебошанд.

Мардуми Либерия

Очерки таърихӣ. Таърихи қадимаи халқҳои Либерия пурра омӯхта нашудааст. Европоиён (португалиҳо, голландиҳо, англисҳо, франсавиён) ба Либерияи ҳозира дар нимаи 2-юми асри 15 омаданд. Соли 1821 як гурӯҳ зангиёни ИМА бо кӯмаки ҷамъияти мустамликавии Америка, ки барои аз мамлакат дур карданӣ ғулом они озодшуда кӯшиш мекарданд, аз пешвоёни қабилаҳои маҳаллӣ ҷазираи Провиденс ва минтақаи материки назди онро хариданд. Дар ҳамин ҷо деҳае бо номи Монровия бунёд гардид ва тамоми мулк Либерия (аз калимаи лотинии liber — озод) номида шуд. Солҳои 1834—36 маҳалҳои наваҳолинишини Мэриленд, Басса-Ков, Гринвилл ба вуҷуд омаданд (1 апрели 1839).

Парчами Либерия Иттиҳоди маҳалҳои аҳолинишини Либерия ташкил ёфт, ки он дар асосҳои федератсия тамоми маҳалҳои аҳолинишинро (ғайр аз Мэриленд, вай ба Республикаи Либия соли 1857 ҳамроҳ шуд) муттаҳид гардонд. 26 июли 1847 Республикаи Либия эълон карда шуд. Либияро соли 1848 Британияи Кабир, соли 1852 Франсия, соли 1862 ШМА ба расмият шинохтанд. Муҳоҷирони америкоию либериягӣ дар идораҳои давлатӣ ва иқтисодиёти мамлакат мавқеи асосиро ишғол карданд. Онҳо соли 1869 Партияи вигҳои асилро ташкил карданд, ки аз 1878 ба сари ҳокимият омад.

Британияи Кабир ва Франсия дар нимаи 2-юми асри 19 барои забти Либия кушиданд. Онҳо танҳо соли  1911 сарҳадҳои Либияро пурра эътироф намуданд. Аввали соли 1918 Либерия расман ба Ҷаини якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) дохил шуд. Баъди ҷанг ба Либия капитали Америка ворид гашт. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939— 1945) ШМА масоҳати Либияро барои ба Шарқи Наздик ва Шарқи Дур бурдани қӯшун ва техникаи ҳарбии худ истифода карданд. 3 январи 1944 У. Ш. Табмен (яке аз пешвоёни Партияи вигҳои асил) президент шуд (то охири умраш — июли 1971 дар ҳамин вазифа буд). Вай сиёсати муттаҳидшавиро, ки ба барҳам додани нобаробарии байни халқҳои муқимӣ ва аҷдодони муҳоҷирони америкоӣ равона шуда буд, эълон кард. Соли 1945 бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани принсипҳои «сиёсати муттаҳидшавӣ» ба мардони сокинони муқимӣ ҳуқуқи интихоботӣ дода шуд.

ЛИБЕРИЯ ДАР ХАРИТАИ ГУГЛ

Баъди ҷанг ташаккули буржуазияи миллӣ ва синфи коргар суръат гирифт. Либия соли 1959 бо ШМА шартномаи ҳарбӣ баст. Либия роҳи бетарафӣ ва ҳамроҳнашавиро пеш гирифта, тарафдори яроқпартоии умумӣ ва пойдоршавии сулҳ аст. Декабри 1972 Либия бо Иттиҳоди шӯравӣ алоқаи дипломатӣ муқаррар намуд.

Партияи сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Партияи вигҳои асил, партияи ягона ва ҳукумрон, соли 1869 ташкил шудааст. Конгресси иттифоқҳои касабаи истеҳсолӣ, таъсисаш соли 1900. Конгресси муттаҳидаи коргарон; Конгресси меҳнати Либерия.

Иқтисодиёт. Либерия мамлакати аз ҷиҳати иқтисодӣ суст тараққӣ карда буда, дар хоҷагиаш капитали хориҷӣ ҳукмрон аст. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — истеҳсолӣ каучуки табиӣ ва истихроҷи маъдани оҳан. Либерия аз ҷиҳати содироти маъдани оҳан дар ҷаҳони капиталистӣ ҷои 4-умро ишғол мекард. Ба аҳолии маҳаллӣ заминдории обшинагӣ хос аст. Либерия худашро бо озуқа таъмин карда наметавонад. Заминҳои беҳтарин дар дасти ширкатҳои хориҷианд. Либерия асосан гевея содирот мекунад. Киштзорҳои калон дар ихтиёри ширкати америкоии «Файрстон плантейшенс лимитед» мебошад. Парвариши нахли равғандор, какао ва қаҳва аҳамияти калон дорад. Инчунин найшакар ва нахли норҷилро парвариш мекунанд. Чорводорӣ асосан дар Шимолу Шарқии тараққӣ кардааст. Моҳидорӣ ва чӯбтаёркунӣ пеш меравад.

Сурати Монровия (Пойтахти Либерия)

Саноати маъдани кӯҳӣ тараққӣ кардааст. Маъдани оҳан, алмос, тилло истихроҷ мекунанд. Дар Либерия заводҳои нефт, семент, тахтабурӣ ва ғайра мавҷуданд. Соли 2010 –ум 1410 млн. квт/с. қувваи электр истеҳсол карда шуд. Ҳунарҳои ресандагию бофандагӣ, бурёбофӣ, сабатбофӣ ва ғайра тараққӣ кардаанд. Нақлиёти асосӣ — автомобилӣ, тӯли роҳҳои мошингард 10751 км. (2017сол), тӯли роҳи оҳан 490 км (2010сол). Бандарҳои калон: Монровия, Бьюкенен, Маршалл, Харпер, Робертсфилд ва Сприггс Пин аэродромҳои байналхалқӣ доранд. Либия ба мамлакатҳои хориҷӣ маъдани оҳан, каучук, алмос, қаҳва, какао, чӯбу тахта мебарорад. Аз хориҷа молҳои саноатӣ, озуқаворӣ мехарад.

Либерия асосан бо ИМА, Олмон, Нидерланд, Италия, Япония, Британияи Кабир, Швеция савдо мекунад. ММД (Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) соли 2016-ум баробари 3,9 миллиард доллари ИМА ташкил кард, ки сари кас баробари тақрибан 880 доллари ИМА шуд ва ин нишондиҳанда дар байни 230 давлати дунё ҷойи 226-умро ишғол мекунад, ки сабаби асосиаш ин таъсири манфии ҷанги дохилии солҳои охир руйдода мебошад. Воҳиди пул— доллари Либерия  мебошад ки рамзи ҷаҳониаш «LRD»  мебошад ва қурбаш соли 2017 чунин буд: 1 доллари Либерия = 0,01 доллари ИМА.

Нигаҳдории тандурустӣ . Соли 2010 ба 1 ҳазор аҳолӣ 50,2 таваллуд, 21.0 фавт ва ба 1 ҳазор кӯдаки навзод 136,2 фавт рост омад. Сабаби асосии марг бемориҳои сироятӣ ва паразитианд. Соли 2010 Либерия 75 беморхонаи дорои 4,3 ҳазор кат буд, ки аз он 34-тоаш беморхонаи давлатианд. Соли 2010 дар Либерия 351 духтур, 34 духтури дандон, 10,5 ҳазор хамшираи тиббӣ кор мекард. 5 коллеҷи стомотологӣ, мактабҳои тиббӣ кадрҳои тиббӣ тайёр мекунанд.

Маориф. Таълим аз соли 1919 ҳатмист. Аммо соли 2015 зиёда аз 50% бачагон имконияти ба мактаб дохил шуданро надоштанд. Таълими миёна ва касбҳои техникӣ пулӣ аст. Мактаби миёна 6-солаи дузанагӣ, ҳар кадоме 3-солӣ. Қариб 30% мактабҳои ибтидоӣ ва зиёда аз 50% мактабҳои миёна тобеи ташкилотҳои калисои Америкаанд. Маълумоти касбҳои техникӣ ва педагогӣ дар асоси зинаи якуми мактаби миёна дода мешавад. Соли таҳсили 2015 дар мактабҳои ибтидоӣ 250.2 ҳазор хонанда, мактабҳои миёна 25,5 ҳазор, мактабҳои касбҳои техникӣ 0,4 ҳазор хонанда таҳсил мекард.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛИБЕРИЯ

Калонтарин мактаби олӣ— Университети Либерия (дар Монровия, таъсисаш 1951, соли таҳсили 2010 дар он 2,6 ҳазор студент таҳсил мекард). Дар Либерия китобхонаи оммавии давлатӣ (таъсисаш 1959), Китобхонаи Университетети давлатӣ, Музеи Африка (таъсисаш 1960) ва Музеи маданияти Африкаи Марказӣ дар Робертсфилд (таъсисаш 1964) мавҷуданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …