Маълумоти охирин

ЛЯОДУН

liaodunЛЯОДУН, Квантун, Гуавьдун, нимҷазира дар қисми шимолу шарқии Хитой, дар байни халҳои Кореяи Ғарбӣ ва Ляодуни баҳри Зард. Тӯлаш 225 км, бараш 80 -130 км. Ляодун асосан аз оҳаксанг, варақсанг ва регсангҳо тарқиб ёфтааст. Рельефаш аз ҳамворӣ, теппа ва кӯҳҳои начандон баланд иборат. Ҷои аз ҳама баландаш кӯҳи Буюнышан (1132 м). Нишебиҳои кӯҳ буттазоранд. Ляодун сераҳолӣ буда, машғулияти асосии онҳо деҳқонист. Бандарҳои калонаш; Дальян ва Люйшунь (Порт-Артур)

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …