Маълумоти охирин
Главная / Биология / Лианаҳо

Лианаҳо

ЛИАНАҲО (аз фаронсавӣ «liane», «Lier» — бастан) ин гуруҳи растаниҳое, ки қобилияти танаашонро мустақилона рост (дар ҳолати амудӣ) нигоҳ доштан надоранд ва растаниҳои ба дигар, харсанг, девор ва ғайраро чун такягоҳ истифода мебаранд, мебошанд. Ба забони тоҷикӣ Лианаро ин ҳамон алафи Печак, Зардпечак ва монанди ҳаминҳоро меноманд.  Аксари Лианаҳо растаниҳои гулдор, инчунин баъзе намудҳои сархасшаклҳо, лучтухмҳо мебошанд.

Лианаҳо

Лианаҳои ҷангалҳои тропикӣ. Дар байни Лианаҳо растаниҳои дарахтӣ, буттагӣ, алафии як ё бисёрсолаи хазонрез ва ҳамешасабз мавҷуданд. Онҳо одатан растаниҳои решадори автотрофӣ, баъзан эпифитҳо ва растаниҳои паразитии бе баргу реша мебошанд. Лианаҳо асосан дар ҷангалҳои сернами минтақаҳои тропикӣ (зиёда аз 2000 намуд) ва қисман дар минтақаҳои мӯътадил (тақрибан 200 намуд) паҳн шудаанд. Дар биёбону чӯл, баландкӯҳ ва минтацаи тундра бошад, шумораи онҳо ниҳоят нам аст. Лианаҳо аз рӯи характери ба такягоҳ часпиданашон ба ду гурӯҳ (Лианаҳои хазанда ва печон) ҷудо мешаванд.

Дар собиқ давлатҳои шӯъравӣ Лианаҳо асосан дар Кафқози Ғарбӣ, қисман дар Закавказияи Шарқӣ ва кишвари Уссурийск мерӯянд. Дар Тоҷикистон аз Лианаҳои худрӯй якчанд намуди печак, бобопирах ва зарпечак васеъ паҳн шудаанд. Ток, марминҷон, мардумаки балҷувонӣ (Poligonum baldnuani-cum), лифток, мулкак, атрагена (At-ragene sibirica) ҳам аз ҷумлаи Лианаҳо мебошанд. Аз намудҳои сершумори Лианаҳои интродуксияшуда (аз мамлакатҳои дигар овардашуда) дар республика плющ, ошиқи печон, дастмолкаду, носкаду, тарбуз, каду, печи апорӣ, пуэрария, глитсиния, партеноциссус, намудҳои токи ёбоӣ ва ғайра парвариш карда мешаванд.

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …