Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЛЯХОВ Владимир Афанасьевич

ЛЯХОВ Владимир Афанасьевич

lyahovЛЯХОВ Владимир Афанасьевич (таваллуд 30.7.1941, ш. Антрацит, вилояти Ворошиловград), лётчик-кайҳоннаварди СССР, подполковник, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1979). Аъзои КПСС аз соли 1963. Баъди хатми Омӯзишгоҳи олии Ҳарбии ҳавоии Харьков (1964) дар қисмҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ хизмат кард. Дар давоми хизматаш якчанд типи самолётҳоро озмуд. Ляхов соҳиби ихтисоси «Лётчики ҳарбии дараҷаи якум» ва «Лётчики санҷишгари дараҷаи сеюм» мебошад. Аз соли 19о7 дар отряди кайҳоннавардон. Соли 19?б Академияи Ҳарбии ҳавоии ба номи Ю. А. Гагаринро ғоибона хатм кардааст. Ляхов 25 феврали 1979 дар киштии кайҳонии «Союз-32» якҷоя бо В. И. Рюмин ба кайҳон парвоз немуд. Киштии «Союз- 32» 26 феврали 1079 бо станцияи илмии мадории «Салют-6» васл шуд. Ляхов пас аз иҷрои программаи гуногуни тадқиқоти илмию тоҷикӣ ва тиббиву биологӣ 19 август, 1979 дар кишии кайҳонии «Союз-34» ба Замин фуромад. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …