Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ЛЯДОВ Анатолий Константинович

ЛЯДОВ Анатолий Константинович

lidskiy-veniaminЛЯДОВ Анатолий Константинович (11. 5. 1855, Петербург — 28. 8. 1914, ҳамон ҷо), бастакор, дирижёр ва педагоги рус. Соли 1878 синфи композицияи Консерваторияи Петербургро дар назди Н. А. Римский-Корсаков хатм намудааст. Аз ҳамон сол дар консерваторияи мазкур (аз 1886 проф) ва Капеллан сурудхонони дарборӣ (аз 1884) дарс додааст. Аз нимаи солҳои 70-ум ба «Тӯдаи муқтадир» наздик шуд. Солҳои 80—90-ум — дирижёр. Эҷодиёти Лядов бо сурудҳои халқии русӣ ва мусиқии классикии рус алоқаи мустаҳкам дорад. Асарҳои ӯ хунюданг. муҷаз ва нурфасоҳат мебошанд. Лядов устоди нодири минетурҳои мусиқист. Дар эҷодиёти ӯ мусиқии фортепианӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад: прелюдия, этюд, арабескаҳо, интермеццо, силсилаи «Бозичаҳо» ва «Ҷалоҷинкампир» (1905), силсилаи симфонии «Ҳашт суруди халқии русӣ» (1906), «Кӯли сеҳрнок» (1909), «Аҷина» (1910) аз ҷумлаи асарҳои маъмули минётурии Лядов мебошанд. Ғайр аз ин Лядов дар асоси матнҳои халқӣ сурудҳои бачагона эҷод карда (3 маҷмӯа, 1887—90) ва бисьёр сурудҳои халқии русиро такмил додааст (аз ҷумла 4 маҷмӯа барои овоз бо фортепиано, нашри солҳои 1898—1903; 3 маҷмӯа барои хор бе ҳамовозии мусиқӣ, 1899—1907).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …