Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ҳарфи Я

Ҳарфи Я

ya

Я (я), ҳарфи сиву сеюми алифбои ҳозираи тоҷикист; аз алифбои русӣ гирифта шуда (1940), 1) дар аввалу мобайн ва охири калимаҳо, баъд аз аломати ҷудоӣ овози ча-и йотбарсар — йа (як, равия, Яман, ямину ясор, такьягоҳ, тарбиятгар ва ғ.), 2) дар калимаҳои иқтибосӣ баъд аз ҳамсаҳои нарм (мулоим) овози садоноки а-ро (апелляция, компиляция ва ғ.) ифода мекунад. Шакли навишти чопиаш Яя, дастнависаш Я мебошад. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ (то 1930) ба воситаи Я «йот» ифода мегардид. Дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ (1930—40) ин ҳарф набуд.

В. Капранов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …