Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЛЕРМОНТОВ Михаил Юревич

ЛЕРМОНТОВ Михаил Юревич

ЛЕРМОНТОВ Михаил Юревич (16. 10.1814, Москва — 27.7.1841, Пятигорск), шоири рус. Аз оилаи капитани ба истеъфо баромада. Дар Университети Москва таҳсил намудааст (1830— 32). Соли 1837 барои шеъри «Марги шоир» (ба вафоти А. С. Пушкин) ба Кавказ бадарға шудааст. Лермонтов дар бадарға ғояҳои декабристонро инкишоф дод. Достонҳои аввалинаш («Черкасҳо», 1828; «Бандии Кавказ», 1828) дар пайравии А. С. Пушкин навишта шудаанд.

ЛЕРМОНТОВ Михаил ЮрьевичЛермонтов давомдиҳаидаи анъанаҳои эҷодии А. С. Пушкин буда, эҷодиёташ дар солҳои реакция, пас аз пахш гардидани шӯриши декабристҳо, инкишоф ёфтааст. Дар шеърҳои лирикӣ («Марги шоир», 1837; «Андеша»,1838 ва ғ.), достонҳои романтикӣ («Иблис», 1829; «Исмоилбой», 1832; «Мцыри», 1839) ва драмаҳои Лермонтов («Испаниҳо», 1830; «Одами аҷоиб», 1831; «Маскарад», 1835 ва ғ.) кӯшишҳои оҷодихоҳонаи оммаи пешқадами рус дар солҳои 30—40-ум инъикос ёфтаанд. Лирикаи Л. («Бородино», 1837; «Шоир», 1838; «Васият», 1840; «Ватан», 1841 ва ғ.) аз пафоси гражданӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ саршоранд. Дар достонҳои Лермонтов («Хоҷа Абрек», 1835; «Боярин Орша», 1835 ва ғ.) муборнзони роҳи озодӣ васф шудаанд. Достони таърихии Лермонтов «Суруд дар васфи шоҳ Иван Васильевич» (1838) шӯҳрати тамом дошт. Лермонтов аз анъанаҳои лирикаи романтикни декабристҳо баҳра бурдааст. Ӯ ба ашъори пурошӯби Байрон таваҷҷӯҳ дошт.

Қуллаи реализми Лермонтов романи «Қаҳрамони даврони мо» (1840) мебошад. Роман мазмуни амиқи психологӣ ва иҷтимоӣ дошта, хусусиятҳои муҳимми ҷамъиятӣ дворяниро инъикос кардааст. Лермонтов принсипҳои эҷодии А. С. Пушкинро идома дода, роҳҳои нави инкишофи назми русро ҷустуҷӯ намудааст. Ашъораш таровати хоса дорад. «Лермонтов ба куллӣ шоири асри дигар буда, аншъори ӯ дар силсилаи инкишофи таърихии ҷамъияти мо ҳалқаи нав аст» (Белинский). Таъсири Лермонтов дар эҷодиёти Н. А. Некрасов, И. С. Тургенев, Лермонтов. Н. Толстой, Ф. М. Достоевский, инчунин дар ашъори А,. Блок, В. В. Маяковский мушоҳида мешавад. Драматургияи Лермонтов дар иикишофи санъати театрӣ роли калон бозидааст. Дар деҳаи Лермонтово ва шаҳри Пятигорск музейҳои ёдгории Лермонтов ташкил шудаанд. Достонҳои «Иблис» (1940), «Баидии Кавказ» (1946), «Мцыри» (1949,1975), романи «Қаҳрамони даврони мо» (1936, 1978) ва маҷмуаи ашъори Лермонтов бо номи «Ҷавонони ҷовидонӣ» (1962) ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Ашъори Лермонтов ба эҷодиёти шоирони тоҷик таъсири пурсамар расонидааст.

Ос: Асарҳои мунтахаб, Сталинобол, 1951; Собр. соч., т. 1—4, М., 1964—65.

Ад.: Библиографии литературы о М. Ю. Лермонтове. 1917—1077 гг.. М.. 1980.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …