Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЛЕПТОСПИРОЗҲО

ЛЕПТОСПИРОЗҲО

ЛЕПТОСПИРОЗЛЕПТОСПИРОЗҲО бемории шадиди сироятӣ, ки лептоспираҳо ном микроорганизмҳои беморизо меангезанд. Зиёда аз 10 намуди серологии лептоспираҳо маълуманд. Дар ивб бештар Лептоспирозҳои заъфармавӣ ва безаъфарма омӯхта шудааст. Лептоспирозҳои заъфармавӣ ё бемории Вейл — Васильев (аз номи муҳаққиқони ин беморӣ — олимони немис А. Вейл, 1886 ва рус Н. П. Васильев, 1888), аз ларза ва хастагии умумӣ оғоз ёфта, таб то 39—40°С баланд мешавад; cap, миён, мушак ва бандҳо дард мекунанд ва дил беҳузур мешавад.

Тақрибан дар шабонарӯзи 4-ум ба заъфарма табдил меёбад. Манбаи асосии сироят барои одам калламушҳо мебошанд. Лептоспирозҳои безаъфарма ё табларзаи обӣ якумин бор аз тарафи олими советӣ В. Л. Башенин (1928) кашф шудааст. Ангезандаи он Leptospira grippotyphosa; давраи инкубатсиониаш 3—14 шабонарӯз. Беморӣ аз ларза оғоз ёфта, cap, миён, мушакҳои пой ва сари сина дард мекунанд, таб то 39—40е С баланд мешавад. Манбаи асосии сироят хояндаҳои майда, бузу гӯсфанд, хук ва ғ. мебошанд.

Аз ҳайвонхо гов, асп, хук, бузу гӯсфанд, мурғу мурғобӣ ва ғ. ба Лептоспирозҳо гирифтор мешаванд. Муқаррар шудааст, ки дар Тоҷикистон 10 намуди ширхӯрҳо, асосан нутрия (30,6%), муши хонагӣ (26,8%), муши обӣ (14,9%), гов (68,1%) ва хук бештар сироят меёбанд.

Пешгирӣ: маҳви хояндаҳо, хушконидани ботлоқзорҳо, алоҳида нигоҳ доштани ҳайвонҳои нав ба хоҷагӣ оварда, риоя кардан ба қоидаҳои санитарӣ, вакцинацияи ҳайвонҳои хонагӣ ва ғ.

Муолиҷа: истифодаи доруҳо (пенициллин, левомицетин, антибиотикҳои қатори тетрациклин ва ғ.).

Ад.: Руководство по микробиологии, клинике и эпидемиологии инфекционных болезней, т. 6, М., 1064; Халимов М. X. ва диг., Лептоспироэ среди мелких млекопитающих и сельскохозяйственных животных в Таджикистане. Материалы конференции по итогам научно-исследовательской работы ДИЭГ за 1968 Г., Д., 1969. X. К К омар ви нов

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …