Маълумоти охирин
Главная / Илм / Лепидолйт

Лепидолйт

Лепидолйт (аз юн. lepis — пулакча ва lithos — сайг), минерал аз гурӯҳи абрақ. Таркиби химиявиаш тақрибан KLi2Al(Al,Si)3O10(F,OH)2) ва омехтаҳои Fe2+, Mn, Cs, Rb, Na дорад. Дар системаи моноклинӣ кристалл баста, кристаллҳои тахтачамонанд ва массаҳои пулакчашакли майдадона ҳосил менамояд.

Лепидолйт
Сурати Лепидолйт

Ранги Лепидолйт гулобӣ, сафед, бунафш ва баъзан беранг мешавад. ҷилояш шишагун. Сахтиаш 2,5—3,5; зичиаш 2800—2900 кг. Лепедизаврҳо дар пегматитҳо, гранитҳои тағйирёфта (грейзенҳо) ва рагҳои гидротермалии баландҳарорат аксар ҳамроҳи турмалини гулобӣ, сподумен, топаз, каститерит, флюорит ва дигар минералҳо вомехӯрад. Аз Лепедизаврҳо литий ва намакҳои он, баъзан цезий истеҳсол мекунанд. Конҳои Лепедизаврҳо дар СССР (Урал, Забайкалия), Чехословакия, ШМА, Швеция, Канада ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …