Маълумоти охирин
Главная / Илм / Леонтович Михаил Александрович

Леонтович Михаил Александрович

Леонтович Михаил Александрович (тав. 7.3.1903, Москва ва санаи вафот 30.03.1981), физики рус, академики АФ СССР (1946; аъзокорр. 1939). С. 1923 Университети Москваро хатм кард. Аъзои комиссия оид ба тадқиқоти аномалияи магнитии Курск. Аз соли 1929 ходими илмии Институти физикаи Университети Москва.

Леонтович Михаил Александрович
Сурати Леонтович Михаил Александрович

Профессори Университети Москва (1934—45 ва 1955 — 1971). Солҳои 1934—41 ва 1946—52 дар Институти физикаи СССР кор кард, аз соли 1951 Институти энергияи атомӣ.

Корҳои илмии Леонтович асосан ба назарияи пароканиши молекулавии рушноӣ, акустика, назарияи лаппиш, физикаи статистикӣ ва ғ. оиданд. Соли 1928 ҳамроҳи Л. И. Мандельштам назарияи ҳодисаи туннелиро инкишоф дод. Дар соҳаи радиофизика ба ном шартҳои канории тақрибӣ ва усули дифраксияи умумии мавҷҳоро инкишоф дод. Бо ҳамроҳии В. А. Фок назарияи дар атрофи Замин паҳн шудани радиомавҷҳоро кор кард. Муаллифи (якҷоя бо М. Л. Ленин) тадқиқоти  умда оид ба назарияи антеннаҳои бориксим.

Аз соли 1951 ба тадқиқоти назариявии плазма ва проблемаи синтези термоядроии идорашаванда сарварӣ мекунад. Доир ба динамикҳои плазма (якҷоя бо В. Д. Шафранов), назарияи инерсионии тори плазмавӣ (якҷоя бо С. М. Осовец) ва ғ. асарҳои илмӣ эҷод кардааст. Бунёдгузори мактаби назарётчиёи советӣ дар соҳаи радиофизика ва физикаи плазма. Лауреати Мукофоти ленинӣ (1958). Бо 3 ордени Ленин ва ордену медальҳои дигар мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …