Маълумоти охирин
Главная / Илм / Леонидзе Георгий Николаевич

Леонидзе Георгий Николаевич

Леонидзе Георгий Николаевич (27.12.1899, деҳаи Патарзеули, ҳозира pайони Сагаредҷой — 9.8.1966, Тбилисӣ), шоири советии гурҷӣ, Шоири Халқии Гурҷистон (1959), академик. АФ РСС Гурҷистон (1944). Аъзои КПСС аз соли 1945.

Леонидзе Георгий Николаевич
Сурати Леонидзе Георгий Николаевич

Асарҳояш аз соли 1911 нашр шудаанд. Воқеияти сотсиалистӣ ба ашъори Леонидзе солҳои 20-ум дохил гардид («Шаби назди Загэс», «Дар соҳилҳои Иора»). Қаҳрамони асосии шеърҳои солҳои 30-юми шоир ҳамасрони ӯянд. Навсозиҳои сотсиалистии Гурҷистон ва дӯстии халқҳо мавзӯи асосии ашъори Леонидзе мебошад. Ӯ муаллифи достони эпикии «Кӯдакӣ ва наврасӣ» (1939; Мукофоти давлатии СССР, 1941; тарҷумаи тоҷикӣ, 1951)—оид ба бачагӣ ва ҷавонии И. В. Сталин. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 1945) Леонидзе қаҳрамонӣ ва диловарии халқи советиро тараннум кардааст. Вай дар мавӯъҳои таърихӣ достонҳои «Портохала» (1951; Мукофоти давлатии СССР 1952), ва «Самгори»-ро (1950) навишт.

Солҳои охири ҳаёташ маҷмуаи ҳикояҳои «Дарахти сеҳрнок»-ро (1962) нашр кард. Солҳои 1957—66 директори Институти адабиёти ба номн Ш. Руставелии АФ РСС Гурҷистон буд. Аз осори Леонидзе достоне бо номи «Мамлакати офтоб» (1958) ва шеърҳои «Бишкуфт Сангори» (1972) ва «Боғи Картли» (1972) ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …