Маълумоти охирин
Главная / Илм / Леонардо да Винчи

Леонардо да Винчи

Расми Леонардо да Винчи
Расми Леонардо да Винчи

Леонардо да Винчи (Leonardo da Vinci) (15. 4 1452, Винчи, Флоренция — 2.5.1519, қасри Клу, Турень, Франция), мусаввир, ҳайкалтарош. Меъмор, олим ва муҳандиси Италия. Аз оилаи нотариуси давлатманд буд. Леонардо воситаҳои нави санъати тасвириро бо хулосаҳои назариявӣ пайваста, образи инсони комилеро офарид, ки он ба идеалҳои гуманистии замонаш мувофиқ буд ва бо ҳамин ба Эҳёи Олӣ асос гузошт.

Солҳои 1480—1490 давраи нашъунамои маҳорати рассомии Леонардо мебошад. «Олиҳа дар байни шахҳо» (1483—94, Лувр, Париж; варианти 2-4497-154, Нигористони миллӣ, Лондон) яке аз мусаввараҳои машҳури Леонардо мебошад. Дар девори хонаи таомхӯрии дайри Санта-Мария делле Градҷе Леонардо лавҳаи «Зиёфати маҳрамона»-ро меофарад (1495— 1497), ки он қуллаи баланди инкишофи санъати тасвирии Европа аст. Ин мусаввара фазои реалиеро ба худ тобеъ намуда, бо композитсияи дақиқ ва мувозинати худ бинандаро ба ваҷд меоварад.

Чанд муддат бо меъморӣ машғул шуда, нақшаҳои гуногуни «шаҳри идеалӣ»-ро кор карда мебарояд. Дар Милан дар атрофи Леонардо меъморони машҳур гирд омада, мактаби Ломбардияро ташкил медиҳанд (ин мактаб дар ташаккули услуби романӣ роли муҳим бозидааст). Минбаъд қариб 20 соли умрашро дар шаҳрҳои гуногун (Мантуя, Венеция, Милан, Рим) инчунин дар Фаронса гузарондааст. Дар Флоренсия дар дайри Палаццо Веккьо ба офаридани нақши девории «Задухӯрди назди Ангьяри» шурӯъ менамояд (1503—06, нотамом), ки он oғoзи жанри размнигории санъати давраи нав буда, «ваҳшонияти даҳшатовар»-и ҷангро (аз рӯи ифодаи худи Леонардо.) акс кардааст.

Портрети «Мона Лизa»
Портрети «Мона Лизa»

Портрети «Мона Лизa», ки бо номи «Ҷоконда» машҳур аст (1503, Лувр), таҷассуми идеали олии зебои, латофату назокати зан буда, дар бинанда эҳсоси самимияти маҳрамонаеро бедор мекунад. «Аннан Авлиё бо Марьям ва Исои навзод» (1500—07, Лувр)—ҷамъбасти ҷустуҷӯҳои Леонардо аст дар роҳи ба вуҷуд овардани композицияи пирамидамонанди фазоӣ. Леонардо тамоми соҳаҳои илми даврашро бо мушоҳидаҳои худ (ҳамаи онҳоро дар расмҳову эскизҳояш ифода мекард) ғанӣ гардонда аст.

Леонардо да Винчи асосгузори иллюстрацияи илмист. Бо кашфиёти конструктививиаш аз замони худ чанд аср пеш гузаштааст: чунинанд лоиҳаҳои кураи металлгудозӣ, дастгоҳи бофандагӣ, мошинаи чопкунанда, заврақи зериобӣ, танк, аппаратҳои парвозкунанда ва ғ. Муаллифи чандин назарияҳост оид ба механика, гидравлика, биология, тиб ва ғ. Олим, кашшоф ва рассоми бемисл. Шахсияти Леонардо рамзи давраи Эхёи Олист.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …