Маълумоти охирин
Главная / Илм / Леонов Леонид Максимович

Леонов Леонид Максимович

Леонов Леонид Максимович (тав. 31.5.1899, Москва ва санаи вафот 8-уми августи 1994), нависандаи рус, акад. АФ СССР (1972), Ходими Хизматиншондодаи Санъати РСФСР (1949), Қаҳрамони Меҳнати Сотстиалистӣ (1967). Аз оилаи савдогар. Аа соли 1915 асарҳояш чоп мешаванд.

Леонов Леонид Максимович
Сурати Леонов Леонид Максимович

Соли 1920 дар сафҳои Армияи Сурх, дар муҳорибаҳои Фронти Ҷанубӣ иштирок ва дар газетаҳои ҳарбӣ кор кард. Соли 1922 афсонаи «Бурыга», баъд китоби аввалини ҳикояҳо (1923) ва повестҳои ӯ «Шикасти Петушихин» (1923), «Оқибати одами паст» (1924) ба табъ расиданд. Муаллифи романҳои «Қашқалдоқҳо» (1924), «Дузд» (1927), «Соть» (1930), «Скутаревский» (1932), «Роҳ ба сӯи уқёнус» (1935), «Ҷангали рус» (1953; Мукофоти ленинӣ, 1957), пьесаҳои «Унтиловок» (1928), «Тохтутоз» (1942; Мукофоти давлатии СССР, 1943), «Фойтуни тиллоӣ» (1946)     ва ғ., кинопамфлети ҳаҷвии «Фирори ҷаноби Мак-Кинли» (1961), мақолаҳои публицистӣ аст.

Мавзӯи асосии асарҳои Леонов ташаккули шуури сотсиалистии зиёиёни советӣ мебошад. Леонов дар асарҳояш масъалаҳои муҳимми иҷтимоиро ба миён мегузорад. Лауреата Мукофоти давлатии СССР (1977). Нависанда ҳамчун муборизи сулҳ кори бузурги ҷамъиятӣ мебарад. Ӯ муҳофизатгари табиат аст. Дар ҷамъияти муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ фаъолона иштирок мекунад. Асарҳои Леонов ба бисёр забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Леонов депутати Советӣ Олии СССР (даъватҳои 2 ва 7). Бо 4 ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ос.: Собр. соч. в 10-ти томах. М., 1969—1972; Русский лес. М., 1979.

Ад.: Русские советские писатели-прозаики. Биобиблиографический указатель. т. 2., Л., 1964; Ковалев В., Реализм Леонова, Л, 1969.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …