Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ленинск

Ленинск

ЛЕНИНСК (то 1938 —1991 Асака), шаҳрест дар вилояти Андиҷони РСС Ӯзбекистон Маркази маъмурии pайони Ленин. 4 км. дуртар аз стансияи Асака (дар хати роҳи оҳани Андиҷон — Тошкент) воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 73 ҳазор нафар дар соли 2017 ва ё 30,3 ҳазор соли 1972.

Сурати ш. Ленинск (Асака) дар с. 2010
Сурати ш. Ленинск (Асака) дар с. 2010

Дар Ленинск заводҳои равған, пахтатозакунӣ, маснуоти оҳану бетонӣ, таъмири мотор ва таъмири автомобил, корхонаҳои масолеҳи бинокорӣ, 2 автобаза, 2 стансияи электрикии обӣ ва ғ. воқеанд. 8 мактаб, техникуми савдои советӣ, театри халқӣ, хонаи маданият ва ғ. дорад. Ленинск нахустин бор дар дастхатҳои асри 19 номбар шудааст. Номаш (с. 1924-1937) чун Зеленск низ маълум аст.

Солҳои истиқлолият дар ин шаҳр корхонаи Автомобилсозии Ҷенерал Моторс ба кор даромад ҳазорон мошинро истеҳсол менамуд.
Харитаи Ленинск аз кайҳон

Видео дар бораи Ленинск (Асака

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …