Маълумоти охирин

Ленфилм

Нишонаи Ленфилм«ЛЕНФИЛЬМ»  –  Киностудияи ордени лениндори Ленинград, яке аз калонтарин киностудияҳои Иттифоқи Советӣ. Соли 1918 дар Петроград ташкил ёфтааст. Дар ибтидо бо номҳои зерин машҳур буд: «Киноотдели округи Петроград» (1921), «Севзапкино» (1922—25), «Ленинградкино» (1925—26), «Совкино», «Союзкино», «Росфильм» ва «Союзфильм» (1926—34); аз соли 1934 «Кино-комбинати Ленинград», аз соли 1936 «Ленфилм».

Фильмҳои беовози «Ленфилм»— «Майдони машқи ҳарбӣ», «Шикастапораи империя» (1929) ва ғ. Фильмҳои овоздори «Ленфилм»— «Чапаев» (1934), асари сегона дар бораи Максим («Ҷавонии Максим», «Бозгашти Максим», «Маҳаллаи Выборг», 1935—39), «Ҳафт тани ҷасур» (1936), «Депутати Балтика» (1937), «Пётри Якум» (серияҳои 1—2, 1937—39), «Одами милтиқдор» (1938), «Муаллим» (1939), «Узви ҳукумат» (1940), «Мусоргский» (1950), «Оилаи бузург» (1954), «Дон Кихот» (1967), «Гамлет» (1964), «Аз оташ халосӣ нест» (1968), «Шоҳ Лир» (1971), «Мукофот» (1974), «Рӯзҳои охири зимистон» (1974), «Муҳосира» (серияҳои 1—2, 1976), «Ситораи бахт» (1976), «Ёздаҳ умед» (1976). Фильмҳои «Чапаев», «Депутата Балтика», «Пётри Якум» (серияҳои 1—2), «Одами милтиқдор», «Оилаи бузург», «Мукофот» ба забони тоҷикӣ дубляж гардидааст.

Бинои Ленфилм
Сурати бинои “Ленфилм”

Режсиссёрони студияи «Ленфилм» Г. Н. ва С. Д. Васильевҳо, С. А. Герасимов, А. Г. Зархи, А. Г. Иванов, В. М. Петров, Л. 3. Трауберг, И. Е. Хейфиц, Ф. Эрмлер, С. И. Юткевич ва дигарон барои инкишофи санъати кинои советӣ ҳиссаи калон гузоштаанд.

 Ҷоизаҳо: «Ленфилм» бо ордени Ленин (1935) ва Байрақи Сурхи Меҳнат (1976) мукофотонида шудааст.

Суроға: 197101, г. Санкт-петербург, пр. каменноостровский, 10.

Сомона: http://www.lenfilm.ru
Намунаи видеофилмҳои Ленфилм

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …